Дар Женева бо ташаббуси Тоҷикистон чорабинии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид марбут ба обу иқлим баргузор шуд

Май 2, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ чорабинии давлатҳои аъзои СММ марбут ба обу иқлим баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Зимни чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои обу иқлим ва роҳҳои нави ҳамкорӣ, чорабиниҳои муҳими сатҳи баланд дар самти об ва иқлим, аз ҷумла Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP 28, COP 29), Форуми ҷаҳонии об ва Конфронси оби Душанберо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфакоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати иштироккунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.

Дар ин росто оид ба омодагӣ ба Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об маълумот дода шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Май 2, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд