Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо ширкатҳои чинӣ ҳамкориро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбари Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон Танг Ҷинг вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ роҳбари Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёди ширкатҳои чиниро ба ин донишгоҳ баён намуда, гуфт, ки палата омода аст сармояҳои ширкатҳоро ба фаъолияти донишгоҳ зиёд намояд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба фаъолияти самараноки тарафайн сухан гуфта, барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.
Роҳбари Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки омода аст ба донишгоҳ барои баланд бардоштани сифати таҳсили донишҷӯён таҷҳизоти техникӣ, синфхонаҳои лингафонӣ ва дигар лавозимот фароҳам оварад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






