МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз масунияти баданро боло бурда, пиршавиро пешгирӣ менамояд

Май 11, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 11.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сирпиёз бо таркиби бойи худ давои хубе барои паст намудани фишори хун буда, хусусияти бедардкунӣ, зудбарқарорёбӣ, зиддивирусӣ, несткунандаи кирми меъда, зиддизаҳролудӣ дорад. Дар таркиби сирпиёз унсури селен мавҷуд аст, ки бо хусусияти зиддиоксидантияш маъруф аст.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, сирпиёз дар таркибаш беш аз чорсад компонентҳои муфид дошта, дар буния холестиринро коҳиш дода, гардиши хунро тезтар ва фишори хунро паст менамояд. Ҳамчунин хусусияти зиддиилтиҳобиро низ доро аст. Сирпиёз метавонад на танҳо бар зидди пиршавӣ ва ифлосшавии артерияҳои марказӣ, балки артерияҳои канорӣ низ мубориза барад.

Ба сирпиёз бӯйи баланди махсусро моддаҳои сулфитдор медиҳанд. Аз ин рӯ, барои раҳо намудани бӯй аз даҳон пораи лимӯ, шохчаи ҷаъфарӣ (петрушка), тухмии  ҳел (кардамон), дорчин (корица) хоида ва ё ин ки даҳонатонро бо шир чайқонед. Сирпиёз масунияти баданро мустаҳкам менамояд, организм қобилият пайдо мекунад, ки бар зидди таъсири зиёновари муҳити зист мубориза барад. Он метавонад миқдори зиёди бактерияҳоро нобуд созад.

Олимон зимни таҳқиқот муайян намудаанд, ки истеъмоли ҳамарӯзаи сирпиёз гирифторӣ ба зукомро то 63 дарсад коҳиш медиҳад. Онҳо муайян кардаанд, ки агар нафари сирпиёз истеъмолнамуда ба зуком гирифтор шавад, ӯ нисбат ба оне, ки ин маҳсулотро нахӯрдааст, тезтар бемориро паси сар менамояд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти дигар хусусияти ҷолиби сирпиёзро нишон дод. Зимни ин таҳқиқот муайян гардид, ки сирпиёз метавонад иммунитети инсонро тағйир диҳад. Истеъмоли ин маҳсулот кори системаи масунияти инсонро  хуб намуда,  организмро ба илтиҳоб тобовартар менамояд.

Сирпиёзро ба таркиби дорувориҳои зиёд илова мекунанд. Доруҳое, ки дар асоси сирпиёз омода шудаанд, ҳуҷайраҳои хатарноки саратонро ба таври босамар нобуд кардаанд. Бо вуҷуди ин бояд хотиррасон намуд, ки истифодаи дарозмуддати сирпиёз метавонад боиси нобуд шудани микрофлораи рӯда ва нороҳатии он гардад.

Ҳамчунин сирпиёз барои табобати харобшавии системаи асаб, бемориҳои пешобдон, инчунин барои поксозии организм тавсия дода мешавад. Сирпиёз имкон дорад, ки варами хатарноки мағзи сарро нест намояд. Ҳамчунин таъсири мусбати сирпиёз ба фаъолияти дил исбот карда шудааст.

Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории исқорбут (цинга) сирпиёзро ба ҳама гуна хӯрок илова карда мехӯранд ва ё дар алоҳидагӣ бо нон истеъмол мекунанд.

Табибон тавсия медиҳанд, ки барои халосӣ аз кирми рӯда зарур аст, ки ба болои 10 г сирпиёзи тозакарда об ва ё шири ҷӯшидаистодаро резед. Он барои ду маротиба иҷро намудани микроклизма кифоя аст.

Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории дарди гулӯ метавонед гӯлуятонро бо маҳлули аз сирпиёз омодашуда чайқонед: 1 ҳиссачаи сирпиёзро реза намуда, ба болояш 1 стакон оби ҷӯшонида резед, як соат онро нигоҳ доред ва баъд истифода баред.

Ҳамзамон барои муолиҷаи бемориҳои роҳи нафас мебояд 5 дандонаи сирпиёзро қима намуда, ба он ҷурғот илова кунед ва то 30 дақиқа нигоҳ доред. Маҳлули омодашударо метавонед дар ҳолати гарм, 1 қошуқчагӣ дар як рӯз якчанд маротиба истеъмол намоед.

Хӯрдани сирпиёз ҳам ба занон ва ҳам ба мардон муфид аст. Он барои рафъи мушкилоти роҳи пешобдон фоидаовар аст. Бо шарофати хосиятҳои безараргардонияш сирпиёз равандҳои илтиҳобиро нест мекунад.

Мутахассисон хӯрдани сирпиёзро ба беморони гирифтори бемориҳои музмини меъдаю рӯда, ба монанди захми меъда, панкреатит, гастрит тавсия намедиҳанд.

Тавре табибон иброз медоранд, аз меъёр зиёд хӯрдани сирпиёз, бахусус дар шиками гушна манъ аст. Он дар ин ҳолат ба ҷудошавии фаъоли шарбати меъда оварда мерасонад, ки дар ҳолати набудани ғизо ба луобпардаи меъда зарари бештар мерасонад.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 11, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Тоҷикистон — Узбекистон: иродаи устувор ва талошҳои муштарак дар роҳи таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад