Дар мавзуи «Шарҳи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи «Шарҳи моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Аз ин лиҳоз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қонуни муҳим ва марказӣ дар шинохти фазои ҳуқуқии мамлакат аст.
Таъкид гардид, ки ин қонун мутобиқ ба муқаррароти қисми 1 моддаи 1 муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ танзим намуда, принсипҳои асосӣ, мафҳум, намуд, низом таносуби байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эътибори ҳуқуқӣ, тартиби умумии таҳия, экпертиза, қабул, интишор, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, амал, тафсир, мураттабсозии онҳо ва роҳҳои ҳалли ихтилофоти ҳуқуқиро муайян намудааст.
Ҳамзамон қонун тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба шакл даровардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, сохтори таркибии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, роҳҳои мукаммал намудани қонун, қисмҳои таркибии меъёрҳо ва тартиби гузаштан аз расмиёти ҳуқуқии қонунҳо ва санадҳои зерқонуниро муайян намудааст, ки нақши онҳо барои фаҳми дурусти табиати қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ аҳамияти калон дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» 4 маротиба, аз ҷумла бори аввал 13 ноябри соли 1998 қабул гардид, ки аз 8 боб ва 54 модда иборат буд. Солҳои 2003, 2009 ва 30 майи соли 2017 бо мақсади такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он дар таҳрири нав қабул гардид. Ҳоло ин қонун аз 12 боб ва 96 модда иборат мебошад.
Моддаи 58-и қонун, ки масъалаҳои умумии таҳияи лоиҳаи санадҳои маъёрии ҳуқуқиро ба танзим даровардааст, барои таҳияи лоиҳаи санадҳои маъёрии ҳуқуқӣ имконияти зиёдро пешбинӣ менамояд. Тибқи меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 ин модда, дар навбати аввал лоиҳаи санадҳои маъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби худи субъектони ҳуқуқэҷодкунанда таҳия карда мешавад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






