Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони як қатор сохторҳои марказии кишвар ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат нахуст масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, таъмиру боз намудани роҳҳои осебдида ва расондани кумакҳои зарурӣ ба мардуми зарардида баррасӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил ва ҳамчунин барои иҷрои супоришҳои рӯзи 9 март дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин додашуда, аз ҷумла барои таъмини волоияти қонун ва амну суботи устувор дар ҷомеа ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






