Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфтанд

Май 16, 2024 09:44

ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералӣ ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро, ки барои иштирок дар нишасти прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Созмон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаашон комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъкиди таваҷҷуҳи пайвастаи Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, дар робита ба саҳми арзандаи кишварҳои аъзо дар самтҳои муҳими фаъолияти ин созмон андешаронӣ намуданд.

“Мо ҳамеша таъкид мекунем, ки сулҳу субот дар минтақаи ЭКО омили калидӣ барои расидан ба ҳадафи аслии Созмон, яъне рушду нумӯи иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум аст”, — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат ҳамзамон аз иқтидорҳои фарохи иқтисодӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ёдовар шуда, нақши мақомоти прокуратураро дар иҷрои вазифаҳои бағоят пурмасъули назорати риояи иҷрои қонунҳо ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои демократӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа, таъкид намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи мураккаби сиёсӣ дар арсаи ҷаҳон, афзоиши таҳдидҳо ба амнияти кишварҳо, оқибатҳои фалокатбори терроризм, зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароии сиёсию динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, амалҳои тахрибкоронаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамаркуз намуда, идомаи ҳамкориҳои ҳамгироёнаи кишварҳои аъзо, бахусус мақомоти соҳавии онҳоро зарур шумориданд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дар муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва киберҷиноятҳо Тоҷикистон шарики табиии ҳамаи кишварҳо мебошад.

Дар мулоқот бори дигар омодагии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкории ҳуқуқӣ бо ҳамаи кишварҳои дӯст мавриди зикр қарор гирифт.

Дар фарҷом изҳори умед карда шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ дар Душанбе оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини қонуният, амният ва субот дар кишварҳо, ки дар навбати худ ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои иқтисодии кишварҳои аъзои ЭКО мусоидат менамоянд, қарорҳои муҳим қабул хоҳанд гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин Прокурори генералии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сауд ибни Абдуллоҳ Ал-Муъҷиб, ки ба ҳайси меҳмон даъват шудааст, ҳузур дошт.

Мулоқот бо прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ 16.05.2024

Май 16, 2024 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон