РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Бахшида ба ин рӯз дар шаҳри Душанбе фестивал баргузор мешавад

Май 14, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 14.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивал баргузор мегардад. Бо ин мақсад барои дар сатҳи баланд баргузор намудани фестивал ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе қабули пешниҳоди Раиси Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳозирин табрик гуфта, иброз дошт, ки барои хотирмон баргузор намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол бояд тамоми маҳорату малакаро истифода намуд, то ин чорабинӣ дар сатҳи хеле олӣ гузарад.

Ёдовар мешавем, ки 7 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд.

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши муҳими футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ дарк ва пазируфта шуда, бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд, қабул намуд.

Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намудани 25 май якдилона пазируфт.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Май 14, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд