Собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо сазовори медали тилло гардиданд

Май 14, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 май дар шаҳри Тифлис — пойтахти Гурҷистон Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни собиқадорон баргузор гардид, ки дар он 2 намояндаи Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Дар мусобиқа собиқадорон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 4 собиқадори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Намояндагони Тоҷикистон: генерал — майори мустаъфии милитсия, чемпиони ҷудои Тоҷикистон ва арсаи байналмилалӣ Ҳабибулло Маҷидов ва полковники мустаъфии хизмати дохилӣ, чемпиони ҷудои ҷаҳон Хайрулло Назриев тавонистанд ҳар яке дар вазни худ дар ҳама ҳарбҳо ва давраҳо ба рақибонашон ғолиб омада, соҳиби ҷойҳои аввал ва медали тилло гарданд.

Чемпионҳои ҷудои тоҷик шарафи варзиши тоҷикро далерона дифоъ намуданд. Ба шарафи онҳо Парчами давлатӣ барафрохта ва Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.

АКС: Шурои собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд