Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи таҷдиди роҳ ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 22.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иҷлосияи панҷуми Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар иҷлосия Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1», Созишномаи чаҳорчӯбавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1», Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, марҳилаи 1», лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Қаландарзода, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷуразода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода, вакилони мардумӣ Бахтиёр Аҳмадзода, Комрон Исмоилиён, Неъматулло Холбойзода, Азиз Гиёзода, Баҳриддин Зиёӣ, Мирзоанвар Ахмедов, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода муаррифӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






