Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

Май 28, 2024 11:30
28.05.2024, шаҳри Душанбе
Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ!

Намояндагони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни сиюмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии аминияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлат ба зиммаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи муҳимми Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошта шудааст.

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ин масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва рисолату қарзи муқаддаси фарзандии худро аз оғози таъсисёбии ин сохтори низомӣ то имрӯз бошарафона анҷом дода истодаанд.

Натиҷаи ҳамин хизмати содиқона ва нангу номуси шумост, ки имрӯз давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан, муҳофизони боэътимоди оромиву осудагии ҷомеа ва дастовардҳои даврони истиқлоли давлати тоҷиконро мебинанд ва қадрдонӣ мекунанд.

Қӯшунҳои сарҳадии мо дар таърихи начандон тӯлонии мавҷудияти худ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба яке аз сохторҳои неруманду муназзами Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мубаддал гардида, ҳоло бо асосҳои мустаҳками моддиву техникӣ, шароити муосир ва муҳимтар аз ҳама, ҳайати фармондеҳӣ ва мутахассисони баландихтисоси низомӣ таъмин мебошанд.

Бояд гуфт, ки эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва дӯст доштани ҳар ваҷаб хоки Ватан аз ҷумлаи арзишҳои муқаддас ва суннатҳои бостонии миллати тоҷик мебошанд ва тамоми фарзандони қаҳрамони халқамон, ки мо имрӯз ному корномаи онҳоро бо ифтихор ба ёд меоварем, маҳз фидокорони роҳи ҳимояи марзу буми Ватан ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ буданд.

Маҳз ба ҳамин хотир, зарур аст, ки ҳар як сарбозу афсар, аз ҷумла шумо – марзбонони шуҷоъ – моҳияти ватандорӣ ва истиқлолу соҳибихтиёриро амиқан дарк кунед ва бо ҷону дил эҳсос намоед, ки Ватан – Модар мафҳумҳои муқаддас ва истиқлолу озодӣ неъмати бузург барои ҳар яки мо мебошанд.

Муборизаи ватанхоҳонаи яке аз сарлашкарони беҳамтои миллати мо – Спитамен саҳифаи дурахшони корнамоиву фидокории таърихӣ ба хотири ҳифзи сарзамини аҷдодӣ аз ҳуҷуми аҷнабиён ба ҳисоб меравад.

Чунин мисолҳои муборизаву қаҳрамониҳо дар таърихи чандинҳазорсолаи халқамон собит месозанд, ки ҳимояи Ватан дар ҳамаи давру замонҳо барои ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст, аз ҷумла шумо – сарҳадбонон, ки вориси арзандаи гузаштагони некноми худ мебошед, нишонаи ҷавонмардиву шараф мебошад.

Бинобар ин, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд аз таърихи ибратомӯзи миллати сарбаланду озодихоҳ, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва созандаву ободгари тоҷик сабақи ҷоннисориву мардонагӣ омӯзанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ арҷ мегузорад, шуҷоату фидокорӣ ва хизматҳои шоёни фарзандони бонангу номуси Ватанро, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунад.

Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти масъулият ва мушкилоти хизмати марзбонӣ дар қатори дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои фароҳам овардани шароити мусоид ва боз ҳам беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии онҳо ҳамаи имкониятҳоро равона месозад.

Имрӯз вазъи бисёр ҳассосу ноороми минтақа ва ҷаҳон, инчунин, ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатамон аз сарҳадбонон талаб мекунад, ки беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошанд, омодабошии худро мунтазам баланд бардоранд ва ба иҷрои рисолати касбии худ дар назди Ватан – Модар бо масъулияти бештар муносибат намоянд.

Беш аз се даҳсола инҷониб Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризм қарор дорад ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии ин хатару таҳдидҳо ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ анъанаҳои деринаи аҷдоди накӯном ва давлати соҳибистиқлоламонро идома дода, ҳимояи марзи муқаддаси Ватани азизамонро минбаъд низ бо интизоми намунавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбӣ таъмин хоҳанд кард.

Бовар дорам, ки шумо – марзбонони шуҷои Ватан – ҳамчун ҷавонмардони бонангу номуси миллат дар оянда низ на танҳо дар ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ, инчунин, дар рушду пояндагии давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон, ки ормони ҳазорсолаи ниёгони некноми мо мебошад, пешсафу намуна хоҳед буд.

Бори дигар ҳар яки шумо – муҳофизони шуҷои марзу буми Ватанро ба ифтихори сисолагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тандурустиву хонаи обод, рӯҳи матин ва иродаи қавӣ орзумандам.

Ҷашн муборак, марзбонони шуҷои Ватан!

Май 28, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2025
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2025
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи Президент, муовини Сарвазир, вазири молияи Ҷумҳурии Корея Чҳве Сан Мок барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ