ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 май, панҷшанбе, 123-юмин рӯзи соли 2024
2 майи соли 2001 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 11-уми Шурои вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
***
2 майи соли 2014 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.
***
2 майи соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларус ва Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ–тиҷоратӣ баргузор гардид.
***
2 май соли 2022 рақси варзишӣ ё брекданс бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гардид.
***
2 майи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (ФИФА) Ҷованни Инфантино ва Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
2 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон- Рӯзи муаллим
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД
Мирзо Турсунзода-соли 1911 —шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951), Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неру ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Қаҳрамони Тоҷикистон (2001)