ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, чоршанбе, 129-умин рӯзи соли 2024

Май 8, 2024 08:00

8 майи соли 1954 Конфедератсияи футболи Осиё таъсис дода шудааст. Конфедератсияи футболи Осиё 47 ассотсиатсияи миллии футболи кишварҳои минтақаи Осиё ва Австралияро дар бар мегирад. Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон дар ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё  мавқеи шоиста дорад.

***

8 майи соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

***

8 майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Русия ва Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд.

***

8 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

***

8 майи соли 2018 дар Душанбе масоили муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Корея муҳокима гардид.

***

8 майи соли 2021 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд. Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду давлат, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.

***

8 майи соли 2023 дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои кории Тоҷикистон ва Туркманистон, форуми тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор гардид.

8 МАЙ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Ҷумҳурии Корея –Рӯзи модар

***

 Рӯзи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

Май 8, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш