«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 12.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» баргузор мегардад, ки дар он иштироки ширкатҳои сайёҳии Русия баҳри рушди муносибатҳои дуҷониба ва шиносоӣ бо зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар доираи намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» байни ширкатҳои ҳарду давлат бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон саёҳатҳои маърифатӣ баргузор мешаванд. Ин сайрҳо махсус барои гардишгарон бо мақсади таҳким ва густариш бахшидани донишҳои онҳо дар бораи самтҳои гуногун, меҳмонхонаҳо, хатсайрҳо ва хизматрасонӣ ташкил карда мешаванд.
Намоишгоҳ бо мақсади истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Русия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкории судманди Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи туроператорони Русия, инчунин мустаҳкам намудани дӯстӣ ва рушди сайёҳӣ доир мешавад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд






