«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад

Май 12, 2024 10:02

ДУШАНБЕ, 12.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» баргузор мегардад, ки дар он иштироки ширкатҳои сайёҳии Русия баҳри  рушди муносибатҳои дуҷониба ва шиносоӣ бо зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» байни ширкатҳои ҳарду давлат бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон саёҳатҳои маърифатӣ баргузор мешаванд. Ин сайрҳо махсус барои гардишгарон бо мақсади таҳким ва густариш бахшидани донишҳои онҳо дар бораи самтҳои гуногун, меҳмонхонаҳо, хатсайрҳо ва хизматрасонӣ ташкил карда мешаванд.

Намоишгоҳ бо мақсади истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Русия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкории  судманди Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи туроператорони Русия, инчунин мустаҳкам намудани дӯстӣ ва рушди сайёҳӣ доир мешавад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 12, 2024 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ