Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд

Июнь 22, 2024 14:41

ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона гардидаанд, ба мувофиқа расониданд.

Дар доираи чорабинии мазкур директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷамшед  Нурмаҳмадзода бо маърӯза оид ба фаъолияти Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2020-2023 сухан  намуд.

Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия

Июнь 22, 2024 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид