ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ. Қаиқрони тоҷик Муҳаммадӣ Раҷабов бо медалҳои тилло ва нуқра ба Ватан баргашт
ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавони тоҷик Муҳаммадӣ Раҷабов аз Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ бо медалҳои тилло ва нуқра ба Ватан баргашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ин варзишгари парчамбардорро намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситоди мураббиён, ҷавонон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Паттайяи давлати Шоҳигарии Тайланд аз 12 то 16 июн баргузор гардид, дар масофаи 1000 метр каноэ С-1 медали тилло ва дар масофаи 200 метр каноэ С-1 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






