ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА КУРАШ. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби панҷ медал шуданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини кураш, ки аз 6 то 10 июн дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломи Эрон баргузор шуд, ба гирифтани 5 медал мушарраф гардиданд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Чемпионати 13-уми Осиё оид ба гӯштини кураш 200 варзишгар аз 20 давлати қора, аз ҷумла паҳлавонони тоҷик иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд паҳлавони шинохтаи тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.
Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 73 кг медали нуқра, Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни то 81 кг, Умар Расулов дар вазни то 90 кг ва Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Дар ҳисоби даставӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 5 медал пас аз дастаҳои мунтахаби Узбекистон (5 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ) ва Эрон (1 тилло, 5 нуқра, 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






