Дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Июнь 19, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати шашум баргузор гардид, ки тибқи рӯзнома дар он  39 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» дар шакли мукаммал баррасӣ карда шуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин аъзои Шуро як қатор санадҳои қонунгузориро оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси меҳнат, Кодекси андоз ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи маориф», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи ангишт», «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Инчунин дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод баррасӣ гардида, бо тартиби муқараргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 19, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд