Дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти мамлакат таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки тибқи рӯзнома дар он 39 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» дар шакли мукаммал баррасӣ карда шуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин аъзои Шуро як қатор санадҳои қонунгузориро оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси меҳнат, Кодекси андоз ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи маориф», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи таърихи қарз (кредит)», «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «Дар бораи ангишт», «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ва «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Инчунин дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои Варзоб ва Файзобод баррасӣ гардида, бо тартиби муқараргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бо Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумонии Олмон—Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи маҷозии Муколамаи занон – роҳбарони Осиёи Марказӣ доир шуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии СААД дар шаҳри Москва иштирок намуд
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд






