Дар Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав корхонаи истеҳсоли гулоб ба истифода дода шуд
ШАҲРИНАВ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саноатикунонии мамлакат дар Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав корхонаи истеҳсоли гулоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик табиб дору роз» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Сохтмони корхонаи истеҳсоли гулоби ҶДММ «Тоҷик табиб дору роз» соли 2018 оғоз гардида, масоҳати биною иншооти он 6 ҳазор метри мураббаъро ташкил менамояд. Корхона дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ ба маблағи 7 миллион сомонӣ аз давлатҳои Эрону Булғористон ва иҷрои корҳои сохтмонӣ ба маблағи 2 миллион сомонӣ бунёд гардида, 5 номгӯй маҳсулоти табобатӣ ва шифобахш истеҳсол менамояд.
Истеҳсол ва коркарди ашёи хоми ин корхона аз гули садбарги навъи роза ва лавандаи аврупоӣ мебошад. Дар майдони 27 гектар ин намудҳои растаниҳои нодир парвариш карда мешаванд. Зиёда аз 120 сокини ҷамоат ба таври мавсимӣ дар ин корхона ба кор ҷалб карда мешаванд.
Мувофиқи иттилои мутахассисони корхонаи истеҳсоли гулоб, маҳсулоти истеҳсолии он асосан хусусияти табобатӣ ва шифобахшӣ дошта, маҳсулоти истеҳсолшаванда ба бемориҳои фишорбаландӣ, системаи асаб ва узвҳои ҳозима дармон мебахшад.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо иқдоми соҳибкорони мамлакат дар партави дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, сокинон ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






