Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба робитаҳои дӯстии Тоҷикистон ва Чин ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 6, 2024 13:39

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи ҳамкории Тоҷикистон ва Чин ба хотири некӯаҳволии мардум ва шукуфоии давлатҳо ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки байни Сарони Тоҷикистон ва Чин- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин равобити хуби корӣ ва дӯстии шахсӣ инкишоф ёфта, ба рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мустаҳками сиёсӣ гузошта, дурнамои дурахшони рушдро муайян намудааст.

Тавре таъкид карда шуд, мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд нишони он ҳастанд, ки роҳбарони ин давлатҳо омодаанд, ки роҳи таҳкими шарикии стратегиро низ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай идома диҳанд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарикӣ ва ҳамкории мутақобила бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ мебошад.

«Давоми се даҳсола робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар заминаи ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва эътимод босуръат инкишоф ёфта, метавонанд ба тавсеаи ҳамкории давлатҳои мо таъсири  судманд расонанд»,-афзуд Мавсума Муинӣ.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 6, 2024 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ