Дар Маҷлиси намояндагон «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муҳокима шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни баррасии ин масъала таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа аз рӯзҳои аввали фаъолияти кориашон ба соҳаи сохтмон, ки пешбарандаи дигар соҳаҳо мебошад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба сохтмони иншооти таъйиноти истеҳсолӣ ба маблағи беш аз 7 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000 нуҳ баробар зиёд мебошад.
Бо мақсади рушди соҳаи сохтмон ва ҳалли масъалаҳои соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2021 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025) таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ гардид.


Стратегия мақсад ва афзалияти рушд, самтҳои асосӣ, вазифаҳо ва механизмҳои ислоҳоти соҳаи сохтмонро барои давраи то соли 2030 дар асоси омӯзиши амалияҳои беҳтарини дигаргунсозиҳои сохтории соҳаи сохтмон ва тамоюли ҷаҳонии рушди фаъолияти шаҳрсозӣ муайян менамояд.
Аз рӯи ин масъала ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон Комрон Исмоилиён, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода сухан гуфтанд.
Дар интиҳои муҳокимаи парлумонӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки хулосаҳои судманди аз натиҷаи чорабинии имрӯза бароварда ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои дар пеш гузошта мусоидат менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд






