Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ барои ҷоми Раиси вилоят мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд
ХОРУҒ, 16.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми Раиси Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад, хабар дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Мусобиқаи навбатии футбол ба хотири соҳиб шудан ба «Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо иштироки 18 даста аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти қудратӣ ва идораву муассисаҳои давлатию ҷамиятӣ оғоз гардида, ғолибон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ муайян мешаванд.
Дар даври аввали мусобиқа дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бо ҳисоби 0 бар 5 аз дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа шикаст хӯрд ва дастаи «Помир-энерҷӣ» бар тими Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳисоби 5 бар 4 пирӯз гардид.
Дар ин давр бозӣ байни дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва тими шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят доир шуда, бо ҳисоби 10 бар 6 ба фоидаи дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба анҷом расид. Дасти Шарикони рушд бар дастаи ҷавонони вилоят бо ҳисоби 14 бар 1 дастболо гардид.
Даври дуюми мусобиқа дар майдончаи варзишии маҳаллаи Носири Хусрав доир гардид, ки дар он дастаҳои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозӣ карданд. Дар ин вохӯрӣ дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нисбат ба рақибони худ бартарӣ нишон доданд.
Мутобиқи низомнома, мусобиқа ҳар ҳафта рӯзҳои шанбеву якшанбе баргузор гардида, ғолибон дар арафаи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва қадрдонӣ мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






