Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ барои ҷоми Раиси вилоят мусобиқаи футболи хурд оғоз шуд

Июнь 16, 2024 13:20

ХОРУҒ, 16.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми Раиси  Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа идома дорад, хабар дод мухбири минтақавии АМИТ  «Ховар»  Файз Мирасан.

Мусобиқаи навбатии футбол ба хотири соҳиб шудан ба «Ҷоми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо иштироки 18 даста аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мақомоти қудратӣ ва идораву муассисаҳои давлатию ҷамиятӣ оғоз гардида, ғолибон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ муайян мешаванд.

Дар даври аввали мусобиқа дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бо ҳисоби 0 бар 5 аз дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа шикаст хӯрд ва дастаи   «Помир-энерҷӣ»  бар тими Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо ҳисоби 5 бар 4 пирӯз гардид.

Дар ин давр бозӣ байни дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва тими шуъбаи Хадамоти оташнишонии вилоят доир шуда,  бо ҳисоби 10 бар 6 ба фоидаи  дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба  анҷом расид. Дасти Шарикони рушд бар дастаи ҷавонони вилоят бо ҳисоби 14 бар 1 дастболо гардид.

Даври дуюми мусобиқа дар майдончаи варзишии маҳаллаи Носири Хусрав доир гардид, ки дар он дастаҳои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозӣ карданд. Дар ин вохӯрӣ дастаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нисбат ба рақибони худ бартарӣ нишон доданд.

Мутобиқи низомнома, мусобиқа ҳар ҳафта  рӯзҳои шанбеву якшанбе баргузор гардида, ғолибон дар арафаи 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва қадрдонӣ мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2024 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд