Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ 1,5 км роҳи деҳаи Иттифоқи шаҳри Ҳисор мумфарш карда шуд

Июнь 19, 2024 12:05

 

ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сокинони деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор беш аз 1,5 километр роҳи маркази деҳаро ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ мумфарш намуданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, ки ин тадбир дар доираи раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар мамлакат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудааст.

Қаблан бо ташаббуси сокинони деҳа дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 як бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 1675 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 38 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 40 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 60 иншооти соҳаи маориф, 44 иншооти соҳаи тандурустӣ, 11 иншооти соҳаи фарҳанг, 54 иншооти соҳаи варзиш, 11 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 19, 2024 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад