Директори идоракунӣ ва банақшагирии Девони вазирони Замбия Йенгве Какуса: «Мафтуни табиати зебою нотакрори Тоҷикистон гаштам»

Июнь 10, 2024 17:34

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, имрӯзҳо зиёда аз 700 миллион нафар  дар рӯи Замин аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Сол аз сол афзоиши  аҳолӣ ва обшавии пиряхҳо моро водор месозад, ки дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба   ҳифзи табиат ва обу иқлим дар якҷоягӣ тадбирҳои муассир андешем. Ин чорабинӣ, ки бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон гузаронида мешавад, аз тамоми созмону ташкилоти ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки ҳамкориро дар ин самт васеъ намуда, масъалаҳо доир ба обро ба таври муштарак ҳал намоем. Чунин иброз дошт имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори идоракунӣ ва банақшагирии Девони вазирони Замбия Йенгве Какуса зимни иштирок дар Форуми байналмилалии парлумонии  «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон».

Тавре Йенгве Какуса афзуд, вобаста ба беҳдошти об якчанд масъалаҳое ҳастанд, ки дар Конференсияи об баррасӣ мешаванд. Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2023, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк (ИМА) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд доир гардид, яке аз ҳамоишҳои бағоят муҳим дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дуюмин конфронси сатҳи баланд дар таърихи ин созмон буд. Ин ҳамоиши муҳим ҳазорон нафарро аз тамоми гӯшаю канори сайёра ба ҳам оварда, дар он масоили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об, истифодаи оқилонаи он, андешидани тадбирҳои муштараку ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ гардиданд.

«Мо аз Конфронси Созмони Миллати Муттаҳид 2023 оид ба об, ки якчанд масъалаҳоро пешниҳод кардааст, замина дорем. Баъзе тавсияҳоеро, ки пешниҳод кардаем, мебинем, ки чӣ гуна аз уҳдаи ҳадафҳои даҳсола ва натиҷаҳои Конферонси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об  мебароем», -афзуд ӯ.

Йенгве Какуса гуфт, ки дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид Президенти Тоҷикистон маротибаи  дигар зарурати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаҳои об, идора ва истифодаи онро, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва полезӣ, обшавии пиряхҳо, офатҳои табиии ба гармшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии пиряхҳо алоқаманд, ҳамкории минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти об ва дигар масъалаҳои ба об алоқамандро таъкид намуда буданд.

«Бо ин ташаббуси худ Тоҷикистон  дар масъалаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаи об ва масъалаҳои рушди устувор дар ҷаҳон эътироф шуда, ҷойгоҳи махсус дорад.  Имрӯз тамоми ҷаҳон ба масъалаи марбут ба об таваҷҷуҳ зоҳир намуда,  дар ин самт нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Зеро масъалаи об танҳо ба  як ё ду давлат  тааллуқ надошта, балки масъалаи ҷаҳонӣ мебошад», -илова кард ӯ.

Замбия Йенгве Какуса иброз дошт, ки маротибаи  аввал аст дар Тоҷикистон қарор дорад.

«Бо ворид шудан ба пойтахти Тоҷикистон — Душанбе, ки шаҳри бениҳоят зебо, тозаю озода ва сабзу хуррам  аст,  хеле хушҳол гардидам. Тамошои биноҳои баланду муосир,  кӯчаю хиёбон ва боғҳои гулпӯшаш, суҳбат бо мардуми меҳмондӯсту самимии пойтахти тоҷикон  маро хушҳол намуд. Қаблан наворҳои ҷолибро дар бораи табиати бою рангин ва зебою нотакрори  Тоҷикистон тамошо карда  будам. Имрӯз ин ҳама зебоиҳоро бо чашмони худ дида, мафтуни ин сарзамин ва сокинони гармчеҳраю меҳрубонаш  гаштам. Фикр мекунам, ки мардуми Тоҷикистон хушбахтанд, ки чунин Ватани зебо ва зиндагии осуда доранд. Хушбахтӣ ва дороии онҳо  табиати нотакрор, чашмаҳои мусаффо ва дарёҳои равон ва муҳимтар аз ҳама, тинҷиву осудагии  сарзаминашон мебошад, ки ба қадри он  бояд расид»,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд