ДУРНАМОИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Июнь 21, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар Душанбе бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стретегӣ.

Ҳадафи баргузории конфронси мазкур арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва роҳу воситаҳои тавсеи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду мамлакат иборат мебошад.

Дар конфронс масъалаҳои рушди ҳамкории сиёсӣ ва эътимоди мутақобила байни Тоҷикистону Чин дар замони муосир, вазъи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Тоҷикистону Чин дар марҳалаи нав, ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамзамон дар конфронс рӯйнамоии китобҳои «Тоҷикистон – Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ» ва «Тоҷикистон – Чин: 30 соли ҳамкории босамар» дар назар дошта шудааст.

Дар чорабинӣ иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои илмӣ-таҳлилии Тоҷикистону Чин дар назар дошта шудааст.

АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стретегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад