«ДУРНАМОИ РУШДИ ИЛМИ ТАЪРИХИ ВАТАНӢ». Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ ҳамоиш доир шуд

Июнь 14, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Дурнамои рушди илми таърихи ватанӣ» ҳамоиш баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.

Ҳамоиш дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат доир шуда, дар он нуктаҳои муҳими суханронии Сарвари давлат, хусусан масоили тарбияи ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба илм, баланд бардоштани сифати таълифи диссертатсияҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Зимни музокира баромадкунандагон масоили дар суханронии Сарвари давлат таъкидшударо ниҳоят муфид ва саривақтӣ дониста, баён карданд, ки ҳалли камбудиҳои гуфташударо ба манфиати илму маорифи ҷумҳурӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ мешуморанд.

Директори Институт таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ доир ба сатҳи тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, самаранокии кори олимони институт, таълифи китобу мақолаҳо ва дигар масоили марбута сухан намуд. Даъват карда шуд, ки ҳамаи вазифаҳои аз ҷониби Сарвари давлат дар назди институт гузошта бояд сари вақт ҳал шаванд.

АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш

Июнь 14, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд