ФУТБОЛ. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолонаш аз Беларус ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 04.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи июн бо ҳамсолони худ аз Беларус ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рақобати санҷишии якум байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Беларус 7 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода ва бозии дуюм 10 июн дар майдони маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола аз 21 то 29 сентябр баргузор мешавад. Рақибони дастаи ҷавонони мо дар марҳилаи интихобӣ 13 июн муайян мегарданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






