Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






