Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 асари Пешвои миллатро дар шакли электронӣ мавриди истифодаи умум қарор дод

Июнь 16, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 16.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 асари Пешвои миллатро дар шакли электронӣ дар истифодаи умум қарор дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллӣ хабар доданд, бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», ки шуруъ аз соли 2024 байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мешавад, Китобхонаи миллӣ тасмим гирифт, ки кулли асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва осори дар бораашон интишорёфтаро дар шакли электронӣ манзури иштирокчиёни озмун намояд.

Тибқи принсипҳои баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, дастрасӣ ба захираҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва адабиёти тавсияшаванда яке аз талаботи муҳим барои масъулин ва иштирокчиён буда, бо назардошти қимати баланди дарёфти адабиёт аз махзанҳои гуногун ва сомонаҳои электронӣ, аз қабили китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, донишгоҳӣ ва ғайра, ҳамзамон дастрасии фаврӣ аз захираҳои электронӣ, махсусан пойгоҳҳои донишгоҳӣ, пойгоҳҳои махсуси иттилоотрасонӣ ва дигар манбаъҳои электронӣ ба шукуҳу шаҳомати озмун меафзояд.

Инро ба назар гирифта, кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ тамоми адабиёти тавсияшавандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»-ро дар пойгоҳи Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон барои ройгон боргирӣ намудани китобҳои электронии Пешвои миллат гирд оварданд.

Хонандагон ва иштирокчиёни озмун бояд донанд, ки дар Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон (www.nlt.tj) равзанаи «Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» бо се забон ҷойгир ва дар истифодаи умум қарор дода шудааст. Хонандагон  метавонанд дар равзанаи мазкур шакли электронии ҳамаи асарҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба осонӣ боргирӣ намоянд. Умуман, кулли асарҳои рақамишуда 113 адад буда, онҳо тибқи муқаррарот ба таври зайл бо забони тоҷикӣ – 70 нусха, бо забони русӣ – 28 нусха ва бо забони хориҷӣ – 15 нусха мебошанд.

Бояд илова намуд, ки асарҳои дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навишташуда низ дар ин бахши сомонаи электронии Китобхонаи миллӣ ҷой дода шудаанд ва ҳоло барои пуррагардонии ин бахш кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ ҷамъоварии адабиёт ва ба шакли электронӣ баргардонии онҳоро идома медиҳанд. Тамоми адабиёти рақамишуда ба қолаби  PDF баргардон шуда, дар суроғаи www.nlt.tj ҷойгир карда хоҳад шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, теъдоди адабиёти дар бораи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишташуда зиёда 300 ададро ташкил менамояд, ки аз ин шумора 135 адади он аллакай аз ҷониби кормандони шуъба рақамӣ гардонида шудааст.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хотири ҳарчи зудтар ва бештар тарғиб намудани асарҳои Пешвои миллат ва дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар сохторҳои масъул тамоми адабиёти рақамишударо ба шакли электронӣ тариқи диск ба донишгоҳу донишкада ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ирсол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат байни қишри ҷавони аҳолии ҷумҳурӣ, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегардад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 16, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад
Вобаста ба криосфера, иқлим ва захираҳои об конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд
Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
Дар Ховалинг бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид
Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» беш аз 30 филм намоиш дода мешавад
Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд