МАРҲАМАТ, БА ҶАШНГОҲ! Дар Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гардиданд

Июнь 26, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли равон, соати 19:00 дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далватии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

Тавре дар Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 25 июн,   соати 18:00 дар «Боғи Рӯдакӣ», соати 17:00 дар боғи «Куруши Кабир» ва соати 18:00 дар боғи «Кӯли ҷавонон»  барномаҳои фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар чор ноҳияҳои  пойтахт низ чунин барномаҳои фарҳангӣ доир карда шуданд.

Имрӯз, 26 июн дар боғҳои  чор ноҳияи  пойтахт барномаҳои фарҳангӣ –фароғатӣ  баргузор карда мешаванд.

Инчунин дар тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиш, мизи мудаввар ва машваратҳо доир ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир мегарданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ ва намоишҳои ҷолибу диданӣ барои сокинон  пешниҳод мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне 27 июн бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва машварату ҳамоишҳои оммавӣ таҷлил мешавад. Зеро расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақил, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмуъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебаранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад