МАРҲИЛАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду давлатро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳад

Июнь 7, 2024 09:12

ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз давлатҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду давлатро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд. Чунин нигоштааст номзади илмҳои таърих, устоди факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибҷон Мирзоев дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

— Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993 ва Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007 ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба барқарории шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расонида шуд, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкории дуҷонибаро фароҳам овард.

Гузашта аз ин рушди робита бо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро:

Аз нигоҳи амниятӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади муштараки тӯлонӣ бо Афғонистон ва ҳамчунин бо Чин дорад, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши маводи мухаддир барои ҳарду ҷониб муфид аст.

Аз нигоҳи сиёсӣ Чин давлати калидӣ дар минтақа буда, дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Милали Муттаҳид яке аз акторони асосӣ ба ҳисоб меравад.

Аз нигоҳи ҷуғрофӣ Чин ва Тоҷикистон дорои марзи муштарак мебошанд, ки назорату ҳамкории ҷиддии ду давлати ҳамсояро тақозо мекунад.

Аз нигоҳи иқтисодӣ Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон буда, дар бозори дохилии Тоҷикистон мавқеи  пешсаф дорад.

Аз нигоҳи илму маърифат дар замони муосир Чин яке аз қабулкунандагони асосии донишомӯзон аз Тоҷикистон буда, забони чинӣ солҳои охир  таваҷҷуҳи ҷавонони зиёди  тоҷикро ба худ ҷалб менамояд.

Соҳаи сиёсат ва амният

Дар муносибатҳои сиёсиву амниятии давлат сафарҳои расмиву давлатии сарони давлатҳо нақши муҳимро иҷро менамояд. Дар ҷараёни сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва  фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 доир шуд, ки дар он ба ҳамкории дуҷониба замина гузошта шуд ва зимни  сафари расмии моҳи августи соли 2017 аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон сатҳи ҳамкории дуҷониба то ба шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.

Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амнияту мудофиа дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории самаранок амалӣ намудаанд. Тоҷикистон ва Чин дар доираи ин Созмон бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои профилактикӣ ва дар самти мубориза бо «се бадӣ»- терроризм, эстремизм ва сепаратизм ҳамкории муассир ба роҳ мондаанд.

Бо назардошти ҳассосияти вазъи ҷаҳони имрӯза Тоҷикистон ва Чинро зарур аст ҳамкории сиёсиву амниятиро густариш дода, бар муқобили зуҳуроти номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм муборизаи беамон баранд.

Ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ

 Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии давлатҳоро ҷойгир будани давлатҳо дар ҳамсоягӣ ва доштани иқтидори фаровони  захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад. Нишондиҳандаҳои гардиши савдо давоми 30 сол дар масири  шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аз суръати баланди рушди он гувоҳӣ медиҳанд.  Агар соли 1993 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон ва Чин ба 8,9 миллион доллар баробар бошад, соли 2019 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 660,9 миллион доллар расид, ки ин ба 14,6 %-и гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон баробар аст. Ҳаҷми умумии содирот аз Тоҷикистон ба Чин соли 2018  57,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2017  21,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии воридот дар давраи соли 2018 ба 594,1 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2017   37,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Зимни суханронӣ Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар Тоҷикистон Ҷи Шумин таъкид мекунад, ки аз моҳи январ то сентябри соли 2022 сармоягузории Чин ба Тоҷикистон тақрибан 40 дарсади сармоягузории хориҷиро ташкил додааст. Гардиши коло миёни Чин ва Тоҷикистон соли 2022 ҳудуди 2,6 миллиард долларро ташкил додааст.

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар даврони навин байни сармоягузорони хориҷии мамлакат мавқеи аввалро соҳиб мебошад. Ҳаҷми маблағгузории Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон  беш аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Сармоягузориҳои Чин дар доираи лоиҳаи чинии «Як камарбанд, як роҳ» доир шуда, ҳадафнок, бардавом, имтиёзнок буда, дар он ягон шарту шароити сиёсӣ ниҳон нест.

Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои  коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудаанд. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қошғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад.

Дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ низ Чин ҳамкории  густурдаро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кв-и “Ҷануб-Шимол” ҳамкории энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин бо кумаки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлолияти энергетикиро то андозае осон намуд. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати дар асоси сармоягузории Чин фаъолияткунанда сабт шудаанд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштсанг, оҳан, сурма, фосфор ва фулузоти нодирро ба роҳ мондааст. Бо ҳамкории ширкатҳои Тоҷикистону Чин дар Тоҷикистон ширкатҳои муштараки коркарди семент низ ба фаъолият оғоз намудаанд, ки бозори ватаниро бо семент таъмин ва то ҳадди имкон ба бозори минтақавӣ содирот менамояд.

Ҳамкории фарҳангиву илмӣ ва гуманитарӣ

 Фарҳанг ва илм  яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба ҳамкории соҳаҳои гуногун замина фароҳам меоварад.  Омӯзиши забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд ёдовар гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мустақиман тариқи онлайн дар барномаҳои бурсиявии гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин сабти ном ва имтиҳон супорида, соҳиби роҳхат барои идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо мегарданд. Инчунин тариқи шартномавӣ низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2013-2014 -122; ва соли 2014-2015 -277; соли 2015-2016 -240;  2016-2017  -298; 2017-2018  -243;  2019 -197 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бурсияҳои таҳсилӣ дар курсҳои забономӯзӣ, зинаҳои бакалавр, магистратура ва доктор аз рӯйи ихтисос- PhD  ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шудаанд. Дар соли 2023  беш аз 2,8 ҳазор донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои илмӣ ва илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Мардумии Чин  таҳсил мекунанд.

Ҳамчунин дар донишгоҳҳои Тоҷикистон донишҷӯёни чинӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва дигар соҳаҳо машғул ҳастанд. Гузашта аз ин, дар Донишгоҳи муолиҷаи хориҷии Пекин ихтисоси «забони тоҷикӣ» ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар 5 соли охир- дар соли таҳсили 2019-2020  19    нафар, соли таҳсили 2020-2021- 15 нафар, соли таҳсили 2021-2022- 11 нафар, соли таҳсили 2022-2023- 12 нафар донишҷӯёни чинӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаҳои гуногун таҳсил намудаанд.

Бояд таъкид намуд, ки дар густариши робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ ва таълимӣ нақши Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий хеле назаррас аст. Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2008 таъсис дода шудааст. Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳкам, фаъолияти стандартӣ ва хусусияти намоён мебошад. Дар он миқёси мактаб, системаи таълим, тарғиби фарҳанг, бунёди таҳсилоти дуҷониба ва платформаҳои табодули фарҳангӣ намоиш дода шудааст. Дар бисёр ҷиҳатҳо, аз қабили тарҷума, иштирок дар фаъолияти иҷтимоии маҳаллӣ пешравиҳои бузург ба даст омада, дар Тоҷикистон ба маркази салоҳиятдор ва роҳнамоии таълими забони чинӣ табдил ёфт. Дар айни замон дар Донишкада 404 хонанда дар 22 гурӯҳ ба таълими забони чинӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳамасола дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» баргузор карда мешавад. Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 дар Идораи марказии Конфутсий баргузор мешавад. Аз соли 2017 ин озмун диққати миллионҳо ҷавононро дар беш аз 110 давлати дунё ҷалб карда, барои донишҷӯён ва хонандагон платформаи муҳими омӯзиши забони чинӣ гаштааст. Бренди машҳур дар соҳаи ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ ҳамчун «озмуни забон», ки пули умумиҷаҳонии фарҳанг, дӯстӣ ва маърифат мебошад, маъмул гаштааст.

Таҳлилҳо нишон  медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Ҳамкории иқтисодӣ бо Чин омили рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки чунин  ҳамкорӣ дар оянда низ рушду тавсеа  ёбад. Рушди  ҳамкорӣ ба таҳкими суботу амнияти минтақа алоқаманд аст. Аз ин рӯ суботу амнияти Осиёи Марказӣ ҳам барои давлатҳои минтақа ва ҳам барои Чин хеле муҳим аст. Дар ин росто рушд ва тақвияти ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷонибаи давлатҳо  дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир хеле муҳим аст.

Мояи қаноатмандӣ аст, ки аз рӯи ин масъалаҳо Тоҷикистон ва Чин мавқеи ягона доранд ва ин ба манфиати халқҳои ҳарду давлат ва минтақа мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2024 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд