МУЛОҚОТИ ОЯНДАСОЗИ ИЛМУ МАОРИФ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баъди баргузории мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли 2024 баргузор гардид, бо як ҷаҳон таасуроти нек ва ҳисси ифтихор аз ҳомии давлату миллатам — Пешвои муаззами миллат матлаберо бо номи “Мавқеъгирии сиёсӣ ва арзёбии мушкилоти имрӯзӣ” навиштам ва дар он ҷо таъкид намудам, ки таҳлили рӯзгори гузаштаву имрӯза ва таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки Роҳбари кишвари мо бемуболиға аз ҷумлаи камназиртарин ва нодирраҳбарони миллӣ-давлатие ҳастанд, ки на танҳо дар шинохту арзёбии дурусти мушкилот, муаммо ва масъалаҳои мавҷудаи давлату миллат, балки дар пешниҳоди роҳҳалҳои муассир ва ҳамзамон, мавқеъгирии сазовори сиёсӣ-давлатӣ низ муваффақ мебошанд.
Санаи 30 майи соли ҷорӣ дар суханронии пурмуҳтавояшон зимни мулоқоте, ки Пешвои муаззами миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар анҷом доданд бори дигар навиштаҳои дар матлаби боло ёдовар шударо исбот намуданд. Яъне, бори дигар Пешвои миллат аввалан бо ёдоварӣ намудани мушкилоти оғози соҳибистиқлолӣ, ки душвортарин лаҳзаҳои ҳаёти кишвар буд, баъдан бо таҳлили дастоварҳои замони соҳибистиқлолии кишвар бо такя ба далелу рақамҳо ва баррасии воқеъбинонаи масъалаҳои марбут ба илм ва рушди он дар замони соҳибистиқлолии кишвар нишон доданд, ки пешрафту мушкилоти соҳаро ба пуррагӣ медонанд ва дар ин мулоқот доир ба ҳалли ҳар як мушкилот дастури мушаххас доданд.
Ба андешаи ман баъди баёни мавзуи суҳбат сайри таърихие бо таҳлил ва пешниҳод намудани мушкилоти давраи аввали соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои ин солҳо аҳаммияти хос дошт. Зеро то ҳол баъзе кӯтоҳандешону тиҳимағзон (аламовараш ҳатто бархе аз аҳли зиё), ки ба ғайр аз ҷустани камбудиву бофтани туҳмат дар фикру зикрашон ҳарфи дигаре нест, шояд баъди ин таҳлил чашми худро некбинона кушоянд ва ин ҳама пешрафтро бо чашми дил бинанду ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат расанду талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати расидан ба ин рӯзи нек аз рӯйи адолат баҳогузорӣ намоянд.
Ҳамин нуктаро махсусан қайд кардан мехоҳам, ки имрӯз вақте, ки сухан аз Истиқлолу соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд ин пайроҳаи 33-солаи тайкардаи кишварро бо кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам донем ва онро холисонаву одилона ба риштаи таҳқиқ кашем.
Ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки Пешвои муаззами миллат аз нахустин лаҳзаи ба ҳайси Роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардидан бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашиданд ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлолияти воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуданд. Борҳо дар мақолаву асарҳоям навиштам ва имрӯз такроран таъкид менамоям, ки истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи Пешвои миллат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмуъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат имрӯз на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ ва рушди илми ватанӣ хизматҳои шоиста намуданд ва онро идома медиҳанд.
Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд, ки “Халқи мо дар баробари ҳифзи асолати милливу динии худ бояд дорои ҷаҳонбинии илмии замони муосир бошад.”
Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат ”ҷаҳонбинии илмии замони муосир”-ро дар баробари ”асолати миллию динӣ” қадр карда, зарурат ва аҳаммияти паймудану андӯхтани тариқи илмии шинохти ҳодисаҳои табиӣ ва воқеаҳои иҷтимоиро таъкид карда гузаштаанд, ки даъвати саривақтӣ ва муҳимму мубрами рӯз буд ва дар суханронии навбати худ низ муҳиммияти рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмиро чандин маротиба таъкид намуданд, ки ин дастурҳои роҳнамои Сарвари давлат ҷавобгӯйи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ онро ҳамчун барномаи умдаи тараққию такомули минбаъдаи ҷомеаи муосир мебояд пазируфт, ки сохти давлатдории мо давлати дунявӣ унвон шудааст. Маълум аст, ки ҳаёти имрӯзаи инсониятро бе илм ва дастовардҳои рӯзафзуни он тасаввур кардан душвор аст. Воқеан имрӯз, илм ва техника ба воситаҳои ҳақиқии пешбарандаи таърих табдил ёфта, ба ихтиёри инсонҳо қувваи бузургеро вогузоштанд, ки барои якбора зиёд кардани миқёси фаъолияти дигаргунсозиҳои онҳо имконият фароҳам овард. Инсон муҳити табиии зисти худро ба таври қатъӣ тағйир дода, тамоми сатҳи замин ва биосфераро омӯхт ва «табиати дуюм» — муҳити сунъии зисти худро эҷод намуд, ки он барои ӯ аз муҳити табиӣ аҳаммияти камтар надорад.
Ҷаҳонбинии илмиву техникӣ бар мабнои тафаккури мантиқиву интиқодӣ, рушди фановарӣ ва донишҳое, ки дар назария собит ва дар амалия тасдиқ гардидаанд, шакл мегирад. Он ба тафовут аз ҷаҳонбинии устуравию динӣ бар армонгароиву эътиқодоти мавҳум тамаркуз намекунад.
Ва мақсад аз ин баён он аст, ки имрӯз бо даъвати созандаи Пешвои муаззами миллат мо бояд рӯй ба донишҳои техникӣ оварем ва аз равандҳои ҷаҳони муосир ақиб намонем. Имрӯз, ки тавассути дастгирӣ ва пуштибониҳои Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар чунин замина барои рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ фароҳам оварда шудааст, ҳар як фарзанди соҳибназари миллат ва масъулинро лозим аст, ки аз ин имкони таърихӣ ва ибтикороти дурбинона ба таври самарбахш истифода баранд ва Тоҷикистони азизи моро ба кишвари рақобатпазири саноативу технологӣ табдил диҳанд. Пешвои муаззами миллат таъкид бар он доранд, ки маҳз тавассути илм ва дастоварҳои илмӣ метавон кишварро пеш бурд ва пеши роҳи ҷаҳолату бесаводиро гирифт. Тавре мутаффакири барҷастаи тоҷик Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино иброз дошт: «Дастрасӣ ба илм барои ҳамаи соҳибдилон воҷиб аст. Илму дониш дидаи биност, нӯшдоруест барои дарди ҷаҳолат ва нодонӣ».
Пешвои муаззами миллат дар баробари таҳлили пурраи фаъолияти илмии олимон, муҳақиқони Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва дигар муассисаҳои илмӣ такрор ба такрор доир ба ифротишавии ҷомеа, рушди радикализми динӣ, ки омилҳои манфӣ дар ҷомеа ҳастанд ва маҳз ҳамин омилҳо пеши роҳи илмомӯзии насли наврас ва умуман тамоми қишрҳои ҷомеаро мегирад, изҳори назар намуданд. Ҳамин нуктаро таъкид менамоям, ки ҳар як вожаву ибора, ҳар як ҷумла ва ҳар як фикре, ки Пешвои муаззами миллат баён намуданд, баёнгари ҳақиқати таърихӣ ва вазъи воқеии имрӯзӣ аст. Дар ҳамин ҷо як нуктаро далел меорам. Таърихан илмро асосан ба ду қисмат тақсим намуда буданд: илми манқул (динӣ) ва илми маъқул (дунявӣ).Тавре, устод Садриддин Айнӣ мефармоянд: “Дар суннати фарҳангии мо илми манқул (динӣ) – ро аз илми маъқул (дунявӣ) баландтар гузошта, бештар қадр мекарданд”. Ва ҳатто кор то ба ҷое расида буд, ки намояндагони илмҳои дақиқро кофир эълон менамуданд. Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар асари худ “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн” менависад: “Ва (ба иллати) кофир хондани ин уламолақабон мар касонеро, ки илми офариниш донанд, ҷӯяндагони “чуну чаро” хомӯш гаштанд ва гӯяндагони ин илм ва ҷаҳл ба халқ муставлӣ шуд, хосса бар аҳли замони мо, ки Хуросон аст ва диёри машриқ…”.
Ҳамин аст, ки баъди ба таври фарогир паҳн шудани хурофот дар ин марзу бум то оғози қарни ХХ дар ҷомеаи тоҷик илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нуфузу эътибор надоштанд, гарчанде нобиғагони ин миллат садҳо кашфиёт дар ин самт анҷом доданд ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.
Ҳатто дар замони шуравӣ элитаи сиёсиву фарҳангии мо аҳаммияти бузурги ҷаҳоншинохтӣ ва амалии илмҳои дунявӣ, хосса илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ва илмҳои технологиро ба таври бояду шояд дарк накарданд. Дар ҷомеаи бештар адабу санъатпарасти мо инсонӣ (гуманистӣ) кардани мактабу маорифро ба гуманитарикунонии тафаккури миллӣ (на техникикунонии он!) баробар карданд ва акнун фурсати он фаро расидааст, ки назари худро ба он дигаргун намоем.
Дар тақвияти ҳамин фикр Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ таъкид фармуданд, ки “Рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.”
Албатта рушди тафакури техникиву технологӣ асоси рушди иқтисодиёти кишвар аст. Бо таъкидҳои чандинкарата доир ба рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар, инчунин Пешвои миллат яке аз роҳҳои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръатро танҳо ва танҳо дар рушди илм, ба илмомӯзӣ, махсусан ба илмҳои табиию риёзӣ ҷалб намудани теъдоди ҳар чӣ бештари ҷавонон мебинанд ва таъкид намуданд, ки “ҳамчунин, ба ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ихтисосҳои барои рушди минбаъдаи саноати кишвар, аз ҷумла саноати сабуку хӯрокворӣ муҳим ва ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳи таълим бояд эътибори ҷиддӣ дода шавад”.
Масъалаи дигареро, ки мехоҳам ҳамчун бардошт аз ин мулоқот баён созам, ин таъкиди Пешвои муаззами миллат доир ба масъулияти олим дар назди ҷамеа мебошад. Албатта дар ҷаҳони имрӯза яке аз масъалаҳои марказӣ, ки хусусияти илми муосирро тавсиф медиҳад, масъалаи ҷавобгарӣ ё масъулияти олим дар назди ҷамъият мебошад. То кадом андоза олимон барои татбиқи ғояҳо ё коркардҳои техникии худ масъулият доранд? То чӣ андоза олим дар роҳи ҳалли мушкилоти мардум, ҷомеа, давлат ва миллат саҳм мегирад? Агар вазифаи инсонию имонию виҷдонии олим бо дастоварду кашфиёту ихтирооти хеш сабук намудани зиндагии инсонҳост, ӯ то чӣ андоза онро иҷро кардааст? Ва оё ӯ худро дар роҳи ҳалли мушкилоти инсонҳову давлату миллат масъул мешуморад ё не? Албатта ин саволҳое ҳастанд, ки ҳар як олими асил бояд онро дар пеши худ гузорад ва ба онҳо ҷавоб гӯяд.
Мусалам аст, ки то замонҳои наздик илм фаъолияти озоди гуруҳе аз одамон буда, вай таваҷҷуҳи тоҷирон ва сиёсатшиносонро хеле кам ба худ ҷалб мекард. Илм касб набуд ва ҳеҷ вақт маблағгузорӣ карда намешуд. То охири асри ХIХ фаъолияти илмӣ манбаи асосии таъмини моддии аксари олимон набуд. Одатан таҳқиқоти илмӣ дар донишгоҳҳо анҷом дода мешуд, олимон бошанд, бо омӯзгорӣ дар ин донишгоҳҳо соҳиби маош мешуданд. Яке аз нахустин озмоишгоҳҳои илмӣ соли 1825 таъсис ёфта буд. Имрӯз олимӣ – касби махсус аст. Миллионҳо нафар олимон дар пажӯҳишгоҳҳои махсуси таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳои илмӣ кору фаъолият менамоянд. Дар асри ХХ мафҳуми «ходими илмӣ» пайдо шуд. Ҳоло дар таҳия ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ олимон нақши муҳим мебозанд ва олимон қишри пешрафтаи ҷомеа маҳсуб мешаванд.
Ва таъкиди Пешвои муаззами миллат ҳам бар ҳамин аст, ки солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, ки ба сари халқу давлати Тоҷикистон душворҳои зиёде омаданд, ба илму маорифи кишвар, аз ҷумла ба фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Ҳатто, хатари аз байн рафтани Академияи илмҳо вуҷуд дошт. Теъдоде аз олимону мутахассисон ба сабаби мушкилоти молиявӣ ҷойҳои кори худро тарк намуданд. Вале мавқеи устувор, ватандӯстона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста ба лаҳзаҳои душвори ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар хатари аз байн рафтани Академияи илмҳои ҷумҳуриро дур андохт.Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо боқӣ монд, балки тавассути сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба иҷрои самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ равона гардонд.
Шароити нави сиёсиву иқтисодие, ки баъди расидан ба Истиқлол дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳия ва қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамуд. Зиёда аз 200 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқии муҳимме, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи илм қабул шуд барои рушди илми ватанӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, беҳтар шудани заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ ва амсоли инҳо мусоидат намуд, ба вижа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 1998), «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002), “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” (соли 2012), «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 2015), “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” (соли 2021) ва чандин қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармоишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии илм ва соҳаҳои мухталифи он қабул шудаанд, гувоҳи ба низоми муосир мутобиқ намудани илми тоҷик, махсусан илми академӣ мебошад.
Дар мачмуъ, ҳамин нуктаро қайд менамоям, ки ҳамаи он масъалаҳоеро, ки дар суханронии Пешвои муаззами миллат ироа гардиданд, дар доираи як мақола баён намудан ғайриимкон аст. Албатта, доир ба ҳар як дастуру супорише, ки дар рафти мулоқот аз тарафи Пешвои муаззами миллат дода шуд, аз тарафи масъулон чораҷӯӣ ва мавриди иҷро қарор мегирад ва боварии комил дорам, ки ин суханронии таърихӣ барои аҳли зиёи кишвар дастури раҳнамо қарор гирифта, ба пешрафти илму маориф, рушди тафаккури техникиву технологӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи тоҷикистонӣ мусоидат хоҳад кард.
Фарҳод РАҲИМӢ,
Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС аз бойгонӣ