Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми дуюми Осиёи Марказӣ оид ба сиёсати савдо сухан гуфт

Июнь 4, 2024 16:18

ДУШАНБЕ, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 3 июн муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода дар Форуми дуюми Осиёи Марказӣ оид ба сиёсати савдо дар мавзуи «Ҳамгироии иқтисодӣ тавассути узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо», ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба густариши ҳамкории бисёрҷониба бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар чаҳорчуби Созмони ҷаҳонии савдо аҳамияти хосса медиҳад.

Дар форум масъалаи мусоидат ба ҳамгироии Осиёи Марказӣ ба низоми савдои бисёрҷониба тавассути ҳамроҳ шудан ба Созмони ҷаҳонии савдо ва мубодилаи таҷрибаи кишварҳо дар раванди узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо муҳокима шуда, вобаста ба ин масъалаҳо аз ҷониби иштирокчиён таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2024 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад