«НАВОИ ВАҲДАТ». Таҳти ин унвон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Кӯли ҷавонон» барномаи идонаи ноҳияи Сино баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт барномаи фарҳангии аҳли ҳунар ва санъати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти унвони «Навои Ваҳдат» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино бо намоиши молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳияи Синои пойтахт шинос шуданд.
Дар оғози чорабинии тантанавӣ мувоини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода тамоми иштирокчиён ва сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии ин ҷашни муқаддас шодбош гуфт.
Номбурда суханони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, аз ҷумла чунин иқтибос овард: «мо бояд дар ҳама ҳолат сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем, истиқлолу озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем».
Ҳамзамон дар ин рӯз, ба хотири таҷлили бошукӯҳи ҷашни муаттаҳидӣ ва сарҷамъӣ — Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои зебои тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Сино баргузор шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино














Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






