НАЗАРИ ҲУҚУҚШИНОС. Идораҳои нотариалӣ дар низоми механизми ташаккули маърифати ҳуқуқӣ соҳиби мақоми арзандаанд

Июнь 17, 2024 19:29

ДУШАНБЕ, 17.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Коҳиш додани таъсири манфии ҷаҳонишавӣ, муқовимат бо хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, ки ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳуриро аз ҳама гуна даъватҳои хатарзо мавриди ҳадаф қарор додааст, талаб мекунад, ки фаъолияти ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти идоракунии давлатӣ дар самти кори ҳуқуқӣ ва тарғиботи ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраркардаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ҳамоҳанг гардонида шуда, сифати ҳаёти ҳуқуқии шахсият ва ҷомеа ба таври назаррас боло бурда шавад.

Чунин нигоштааст дар мақолааш нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Сино, ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 Далер Зайниддинзода.

— Ҷомеаи мутамаддин, ки онро бе муносибатҳои ҷаҳонишавӣ тасаввур кардан имконнопазир аст, дар марҳилаи ҳассоси рушд қарор дошта, бо даъватҳои комилан гуногуни замони муосир — тарз ва усулҳои гуногуни қонунӣ гардонидани маблағҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд, маблағгузорӣ кардани экстремизм ва терроризм, зуҳур кардани коррупсия ва равандҳои дигари монанд ба ин рӯ ба рӯ гардидааст.

Ҳадафи ин даъватҳоро дар навбати аввал номуътадил гардонидани на танҳо авзои кишварҳои алоҳида, инчунин авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаҳои ҷудогона ташкил диҳад, дар навбати дигар онҳо нақз гардонидани ҳамон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро пайгирӣ менамоянд, ки ин ҳуқуқ ва озодиҳо бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳам дорои хислати универсалӣ ва ҳам хислати соҳавӣ, ба монанди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва санадҳои дигари монанд ба ин, ки Тоҷикистон иштирокчии аксари ин санадҳо мебошад, кафолат дода шудаанд.

Нотариати давлатӣ ҳамчун сохтори калидии ҳифзи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар меҳвари чунин дигаргуниҳо қарор дошта, дар коҳиш додани таҳдиди даъватҳои хатарзо пешоҳанг мебошад. Чунончи, моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» нотариусони давлатиро мустақиман уҳдадор гардонидааст, ки дар бораи ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳанок ва амалиёти вобаста ба хариди (фурӯши) сарватҳои фарҳангӣ, гирифтани молу мулк ё додани он аз рӯи шартномаи лизинг, аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудрат, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, нигаҳдошт, комиссия, идораи ба боварӣ асосёфтаи молу мулк, хариду фурӯш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо ба маблағи баробар ба 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он, инчунин оид ба аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулке, ки аз қайди давлатӣ гузаштанашон ҳатмист ва аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок ба маблағи баробар ба 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 12500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар диҳад. Илова ба ин, мувофиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манфиатҳои давлат бо роҳи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи нотариуси давлатӣ муқаррар гардидааст, ки дар асоси принсипҳои қонуният, мустақилият, махфӣ будани амалиёти нотариалӣ ба амал бароварда мешавад.

Вобаста ба ин, аз нотариати давлатӣ даъват ба амал оварда шудааст, ки дар фаъолияти худ масъалаҳои ҳуқуқии мубрам ва рӯзмарраи аҳолиро ҳал намуда, барои ҳукми қонунӣ гирифтани иродаи шахс мусоидат намояд. Масалан, аз тарафи васияткунанда замони дар қайди ҳаёт будан ҳал карда шудани тақдири ҳуқуқии ҳама гуна неъматҳои моддии мансуб ба ӯ дар доираи васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда.

Нотариуси давлатӣ ҳангоми тасдиқ кардани васиятнома қобилияти амалкунии васияткунандаро дар ҳузури шоҳид бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, баъди боварии комил ҳосил кардан, ки қобилияти амалкунии васияткунанда зери шубҳа қарор надорад ва ӯ нисбат ба амали худ баҳои ҳуқуқии дахлдор дода, оқибати ҳуқуқии онро пешбинӣ менамояд, онро аз нигоҳи қонун ба расмият медарорад.

Ин амалҳои нотариуси давлатӣ, ки бо тартиби пай дар пай иҷро карда мешаванд, шубҳаҳои ҷойдоштаро аз байн бурда, эҳтимоли ҳангоми кушода шудани мерос ба миён омадани баҳси судиро вобаста ба қобилияти амалкунии васияткунанда истисно менамояд. Аз ин ҷо, яке аз функсияҳои муҳим ва тағйирнаёбандаи фаъолияти нотариалӣ функсияи пешгирикунанда ба шумор меравад, ки моҳияти онро пешгирӣ кардани ҳама гуна эҳтимоли пайдо шудани баҳсҳо ташкил медиҳад.

Идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ функсияи мазкурро бо роҳи дуруст ва дар доираи қонунгузории амалкунанда ташаккул додани муносибатҳои ҳуқуқӣ-маданӣ ва тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳо ба амал мебароранд. Илова ба ин, дар назди идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифагузорӣ карда шудааст, ки барои амалишавии самаранок ва мақсадноки ҳуқуқҳои субъективии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шароити мусоид ва дахлдор фароҳам оварда, ҳангоми ба расмият даровардани амалиёти нотариалӣ ва тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳо барои ҳимоя гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо чораандешӣ намоянд.

Мазмун ва моҳияти фаъолияти нотариалӣ дар манзари тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиботи ҳуқуқӣ танҳо бо тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳо ва ба расмият даровардани амалиёти нотариалӣ маҳдуд намегардад. Нотариусони давлатӣ ҳангоми ба расмият даровардани аҳдҳои маданӣ ҳамчун намуди амалиёти нотариалӣ, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бобати муайян кардани моҳияти аҳдҳои маданӣ ва дуруст муқаррар кардани шартҳои асосӣ ва иловагии он кумак расонида, онҳоро аз пайомадҳои ҳуқуқии аҳдҳои мадании ба расмият даровардашаванда воқиф менамоянд.

Нотариусони давлатӣ бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳли ҷамоат вохӯриву суҳбати мавзуӣ доир намуда, ба онҳо мазмун ва моҳияти амалиёти нотариалии гузаронидашаванда, тартиби дастрас кардани ҳуҷҷатҳои барои ин ё он амалиёти нотариалӣ зарурбуда, дараҷаи ҳимоя карда шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсонро аз доираи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, масалан, шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, шахсони аз тарафи суд ғайриқобили амал эътироф гардида, шахсони ба синни балоғат нарасида ва шахсони дигари ба онҳо монандро равшан менамоянд.

Имконияти воситаҳои ахбори омма ва шабакаи умумиҷаҳонии интернет низ дар салоҳдиди нотариусони давлатӣ қарор дошта, аз тарафи онҳо зимни гузаронидани тарғиботи ҳуқуқӣ ва паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Ба таври марҳилавӣ сомонаҳои расмии идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва телефонҳои боварӣ фаъол гардида истодаанд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ оид ба намуди мушаххаси амалиёти нотариалӣ ва тартиби ба расмият даровардани он иттилооти мукаммали ҳуқуқӣ пайдо намоянд.

Ҳамин тавр, бо боварии комил иброз доштан мумкин аст, ки идораҳои нотариалии давлатии шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун амаликунандаи фаъолияти нотариалӣ, дар низоми механизми ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонунияти ҳуқуқӣ мақоми арзандаро соҳиб буда, барои тақвияти ҳифзпазирии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо зоҳир намудани таваҷҷуҳ ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсон аз доираи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, таъмини эътимоднокии ҳуқуқӣ ва пешгирӣ кардани эҳтимоли пайдошавии ҳама гуна баҳсҳо ва бархӯрдҳои ҳуқуқӣ тадбир меандешанд.

Агар рисолати мазкур аз як тараф ба коҳиш додани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо нигаронида шуда бошад, аз тарафи дигар, ҳадафи онро барпо кардани ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёд ташкил медиҳад, ки дар он арзишҳои умумиқабулшуда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон озодона паҳн мегарданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 17, 2024 19:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода: «Ягона омили муассири ҳаёти осоишта ва рӯзгори равшану босаодат ваҳдат ва сулҳу ҳамдилӣ мебошад»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ БОСУБОТ ВА ШОИСТА. Андешаҳои профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Дар натиҷаи ҳамкорӣ танҳо дар панҷ соли охир беш аз 10 лоиҳаи муштарак амалӣ гардид
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Ба зиммаи падару модар кадом уҳдадориҳо гузошта шудааст?
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ПИРӮЗӢ ВА УСТУВОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар ин мавзуъ
ДАР ТОБИСТОН ИСТЕЪМОЛИ КАДОМ МАҲСУЛОТ МУФИД АСТ? Назари мутахассис дар ин мавзуъ
УСТОД АЙНӢ ВА РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК». Аз таъсиси ин рӯзнома 100 сол пур мешавад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ЯГОНАГӢ, ИТТИҲОД ВА ЯКПОРЧАГӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
ПЕШГИРИИ ҲАР ЯК БЕМОРӢ АЗ ТАБОБАТИ ОН ОСОНТАР АСТ. Барои гирифтор нашудан ба бемории мавсимии дарунравӣ чӣ бояд кард?
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ваҳдат дурдонаест, ки онро мисли нангу номус, шарафу виҷдон ва имон бояд ҳифз кунем
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Барои миллати тоҷик дар қатори дигар арзишҳои миллӣ сулҳу сафои пойдор дар мамлакат арзиши бебаҳо, баланд ва муқаддас аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ – ВАСИЛАИ МУҲИММИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН