«СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд

Июнь 1, 2024 09:52

ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар Душанбе таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзуи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва вобаста ба ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзуи «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» гузаронида шуд.

Ҳадафи озмун ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, хусусан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ, хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои об мебошад.

Масъулони баргузории озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нашрияи «Садои мардум» мебошанд.

Озмун дар як давр- аз 1 сентябри соли 2023 то 1 майи соли 2024 гузаронида шуда, ба Комиссияи озмун 116 асару мақола, гузоришҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамин тариқ, ҷойи якум бо Дипломи дараҷаи I ва туҳфаи хотиравӣ ба Муассисаи давлатии рӯзномаи «Инсон ва табиат», ҷойи дуюм бо Дипломи дараҷаи II ва туҳфаҳои хотиравӣ ба се нафар — муовини якуми директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», сардори раёсати истеҳсоли филмҳои телевизионии Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ва ҷойи сеюм бо Дипломи дараҷаи III ва туҳфаҳои хотиравӣ ба шаш нафар тақдим гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 1, 2024 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон