ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 июн, шанбе, 174-умин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд.
***
22 июни соли 2004 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори анҷомёбии татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии момогӣ, гинекологӣ ва педиатрии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Тибқи лоиҳаи мазкур дар ҳаҷми се миллион доллари ИМА таҷҳизонидани пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии момогӣ, гинекологӣ ва педиатрӣ, барқарорсозии моддию техникӣ ва таъминот бо доруворию дигар воситаҳои зарурӣ ба нақша гирифта шуданд. Қаблан низ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз хазинаи эҳтиётии худ барои таъмиру таҷдиди ин марказ 650 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буданд.
***
22 июни соли 2011 дар Боғи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ бо иштироки беш аз 5000 сокинони пойтахт машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
***
12 сол пеш, 22 июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Ирина Бокова мулоқот намуда, диққати ҳамсуҳбатро ба масъалаи ташкил кардани Экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикӣ ба кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши ҳолати кунунии пиряхҳо ва тамоюлҳои тағйирёбии таркиби онҳо ҷалб намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ вориди шаҳри Куала-Лумпур — пойтахти Малайзия шуда, бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ва Сарвазири ин кишвар Наҷиб Абдураззоқ мулоқот намуданд.
***
22 июни соли 2018 дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» маросими расмии ифтитоҳи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «Биржаи фондии Осиё» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бонкҳо, воситаҳои ахбори омма, доираҳои тиҷоратӣ ва беш аз 200 нафар соҳибкор аз Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Таъсиси ин Биржа дар доираи рушди муносибатҳои шарикона байни Тоҷикистон ва Чин қадами муҳим буда, барои баромадан ба иқтисоди ҷаҳон, ҷалби сармояи хориҷӣ тибқи анъанаву қоидаҳои ҷаҳони муосир ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки ширкату корхонаҳои ватанӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
***
22 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе даври аввали лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» ҷамъбаст гардид. Иқдоми мазкур ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва талқин намудани китобхонӣ миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе гузаронда шуд. Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо ва ғайра) ҷой дода шуданд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ намуданд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо, аз ҷумла «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи таъмини ченаки ягона» , «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» имзо гузоштанд.
22 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Дар Гаити — Рӯзи Президент.
***
Дар Конго — Рӯзи артиш.
***
Дар Салвадор — Рӯзи омӯзгор.