ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июн, душанбе, 155-умин рӯзи соли 2024

Июнь 3, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 1928 дар ҷаҳон  аввалин маротиба  дар мағозаҳо фурӯши телевизор  ба роҳ монда шуд ва   савдои он ба таври оммавӣ вусъат  гирифт. Баъд  аз пайдо шудани нахустин телевизор олимону муҳандисон дар пайи такмилу ташаккули он пажуҳишу озмоиши зиёд анҷом дода,  шакли муосири онро рӯи кор оварданд.

***

3 июни соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд канали Дилварзин ба истифода дода шуд.

***

3 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 17-уми Шурои  ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои аъзои   Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шурои  роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид.

***

3 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон ва таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис дар оянда баррасӣ  шуд.

***

Соли 2017 Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид маҷмуаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард.

***

Соли 2019 нахустин Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор —  B2B (business to business – тиҷорат барои тиҷорат)  дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, доираҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд, сармоягузорони  хориҷӣ ва корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи  соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду давлат  дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

3 июни соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии давлатҳо баррасӣ карда шуд.

***

3 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива «Ичан-Қалъа» ва фабрикаи қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд.

3 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Намибия — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

***

Дар Черногория — Рӯзи Истиқлол.

Июнь 3, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш