«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид

Апрель 5, 2024 08:26

ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти алоқа, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, идораи нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Садои мардум», «Минбари халқ» ва маҷаллаи «Бонувони Тољикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамоянд.

Мақсади асосии фестивал-озмун — тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он  мебошад.

Дар фестивал-озмун маводи насрӣ, аз ҷумла  мақола, ҳикоя, қисса, маводи таҳлилӣ, видеоролик, филм ва барномаи алоҳида доир ба мавзуъҳои ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлоли давлатӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва расму оинҳои мардумӣ, кашфи муаллифони боистеъдод, эҷодкор ва навовару бомаҳорат, тарғиб ва муаррифии дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таърихи миллати тоҷик ва фарзандони фарзонаи сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷаҳонии он, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот, парандагон ва обҳои шифобахши он  қабул карда мешаванд.

Мавод дар номгӯйи зерин бояд  пешниҳод шаванд:

— маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғ.) дар васфи Ватан барои матбуоти даврӣ;

— маводи иттилоотӣ ва ё таҳлилӣ;

— масъала ё рӯйдоди мушаххаси марбут ба солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ё шарҳи рӯйдоде доир ба мавзуъ дар ин давра;

— маводи насрӣ, ролик, барнома ва филми кӯтоҳи муаллифии ватандӯстона ва ё муаррифи дастовардҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангӣ, афзалияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии табиати нотакрор, олами ҳайвоноту наботот ва парандагони нодир, инчунин обҳои шифобахши мамлакат.

Фестивал-озмун аз моҳи апрел то охири октябри соли 2024 гузаронида шуда, мавод барои озмун тавассути почтаи электронии ozmun@khovar.tj то охири моҳи октябр қабул карда мешавад.

Мавод ба фестивал-озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ (шрифти Palatino Linotype 14 дар формати А4 ба андозаи аз 2 то 5 саҳифа), видеоролик дар ҳаҷми 3-5 дақиқа, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ дар ҳаҷми то 15 дақиқа ирсол шавад.

Фестивал — озмуни «Вассофи Ватан» дар чор номинатсия — «Беҳтарин маводи насрӣ (мақола, ҳикоя, қисса ва ғайра)», «Беҳтарин ролики таблиғотӣ, барнома ё филми муаллифии кӯтоҳ», «Беҳтарин тарғибгари дастовардҳои миллӣ» ва «Беҳтарин тарғибгари мавзеъҳои сайёҳӣ» дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронида мешавад.

Ба ғолибони ҷойи якум 7 000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5 000 ва ҷойи сеюм 3 000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим мегарданд.

Маълумоти бештар дар сомонаи www.khovar.tj

Телефонҳо барои тамос: 888-08-34-04, 238-54-23

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Апрель 5, 2024 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд