ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 июн, якшанбе, 182-юмин рӯзи соли 2024 аст
Соли 2009 дар Агентии «Тоҷикстандарт» маросими супоридани ҷоизаҳо ба 21 корхонаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки маҳсулоти худро ба озмуни «Молҳои беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда буданд. Дар озмун умуман 35 корхона иштирок дошт. Дар байни онҳо корхонаҳои «Шириниҳои Шарқ», «Корхонаи шири Душанбе», «Шоҳона», «Ширин», «Нафиса», «Гулистон» ва «Тоҷиксемент» ба озмуни хотимавӣ роҳхат гирифтанд.
***
30 июни соли 2010 татбиқи Лоиҳа оид ба ислоҳоти замини Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID), ки барои тақвият ва ҳифзи ҳуқуқи истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, расман оғоз гардид.
***
30 июни соли 2016 «Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд.
***
30 июни соли 2020 дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дода шуд.
***
Соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
***
30 июни соли 2022 дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, даъвати шашум номи ду қулла иваз гардид. Қуллаи Маяковский ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва қуллаи Октябрский ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат гузошта шуд.
**
Дар ин рӯзи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлатро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.
30 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии астроидҳо
***
Дар Гватемала — Рӯзи артиш.
***
Дар Ҷумҳурии Демократии Конго — Рӯзи Истиқлолият.
***
Дар Салвадор – Рӯзи кормандони бонк.
***
Дар Муғулистон — Рӯзи қабули Конститутсия.