Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 26.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси кумита Камолиддин Муминзод бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уки доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти сайёҳӣ, хизматрасонӣ тавассути Барномаҳои таълимии ITEC ва рушди парвозҳои мустақим миёни ду мамлакатро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истнод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи сиёсати дарҳои кушод, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, ҷумҳурии мо бо кишвари Ҳиндустон муносибатҳои бисёрсамта, аз ҷумла самти сайёҳиро густариш медиҳад.
Ҷонибҳо бобати таҳкими ҳамкории тарафайн дар самти сайёҳӣ мубодилаи афкор намуда, иброз доштанд, ки тайи солҳои охир сайёҳони Ҳиндустон ба тамошои табиати нотакрори Тоҷикистон майлу рағбати бештар зоҳир намуда истодаанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ иброз карда, соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






