УСТОД АЙНӢ ВА РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК». Аз таъсиси ин рӯзнома 100 сол пур мешавад

Июнь 21, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» 100 сол пур мешавад. Шумораи нахустини «Овози тоҷик» 25 августи 1924 дар Самарқанд ҳамчун органи ташкилоти вилоятии Ҳизби коммунисти (болшевики) Туркистон аз чоп баромадааст.

Ба фаъолияти эҷодии устод Айнӣ назар карда, мебинем, ки он серпаҳлу буда (мактабсозӣ, мактабдорӣ, шоирӣ, нависандагӣ, адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ, публитсистӣ…), дар ҳама самту паҳлуҳо комёбу дастболоии устод бармалост. Дар навбати худ, ба ҳар самти фаъолияти эҷодии устод Айнӣ давраю марҳилаҳои муайян хос аст.

Ҳарчанд муҳаққиқи публитсистикашинос,  профессор Мурод Муродӣ фаъолияти публитсистии устод Айниро ба ду давра тақсимбандӣ карда, менависад, ки «давраи дуюми фаъолияти публитсистии устод Айнӣ аз соли 1924 бо таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» шуруъ гардидааст, Садриддин Айнӣ на танҳо дар таъсиси ин рӯзнома саҳм гузошт, балки дар аввал яке аз муаллифони фаъоли он низ буд».

Бо дарназардошти зарурати рӯшанӣ андохтан ва тавзеҳи заминаҳои ташаккули эҷоди публитсистии устод Айнӣ, даврабандии фаъолияти публитсистии ӯро шартан ба чаҳор марҳила метавон тақсим кард: а) солҳои 1896 -1917; б) солҳои 1918-1923; в) солҳои 1924-1930; г) солҳои 1931-1954.

Дар ин навишта мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки вижагиву хусусиятҳои фаъолияти публитсистии устод Айнӣ дар марҳилаи севум, мушаххасан мавзуву мундариҷа, моҳияту аҳамияти мақолаҳои ӯ дар рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ба риштаи таҳлилу баррасӣ кашем.

Осори публитсистии устод Айнӣ дар ин солҳо аз мавзуъҳои тарғиби афзалиятҳои сохти нави шуравӣ дар қиёс бо даврони ҳукмронии амирони манғитӣ ва ҳаёти ақибмондаи мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ, даъват ба саводомӯзӣ ва бедории фикрии сокинони қаламрави Аморати Бухоро ва Туркистон, ба  самти шинохти ҳувият ва худшиносии миллӣ майл пайдо кард.

Муҳаққиқи публитсистика, профессор Масрур Абдуллозода барҳақ таъкид намудааст, ки «оғози фаъолияти ҷиддии илмию адабии Садриддин Айнӣ ба рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёна рост омад. Ин гуна рӯйдод тақсимоти ҳудудҳои миллӣ буд, ки тибқи он сарнавишти ояндаи халқияту миллатҳои Осиёи Миёна муайян мегардиданд».

Устод Айнӣ равандҳои сиёсии зудтағйирёбандаи соли 1924-и Осиёи Миёнаро, ки дар таърих бо унвони «тақсимоти ҳудудҳои миллӣ» маъруф гардида, қавми бумӣ ва соҳибтамаддуни тоҷикро ба ҳошия ронданӣ буд, бо чашми дил дидаву дарк намуд. Дарк намуд, ки мансабдорону фаъолони камшумори тоҷик бо вуҷуди хоҳиши соҳибдавлат шудан, ниёзманди донишҳои таърихӣ, фаҳмиши сиёсӣ, далелҳои муътамади илмӣ аз рӯзгору осори намояндагони барҷастаи илму адаби ҳазорсолаи тоҷик ҳастанд ва аз пайи пур кардани ин холигӣ шуд. Устод Айнӣ пас аз се соли берӯзнома ё «безабонӣ» мондан, пайдо шудани нашрияи тоҷикии «Овози тоҷик»-ро бо шодиву сурур истиқбол намуда, дар мақолаи «Қавми тоҷик ва рӯзнома» навишта буд: «… имрӯз бо саъйи ҳукумат рӯзномае ба забони тоҷикӣ баромад. Ин рӯзнома мисли номаш, албатта, забони тоҷик хоҳад буд. Акнун гуфта мешавад, ки қавми тоҷики Туркистон ҳам забон баровард. Акнун метавонад, ки аз аҳволи олам бохабар шавад. Акнун метавонад, ки дарди дили худро бо воситаи рӯзномаи худ, ки забони тоҷик аст, ба ҳар кас вонамояд». Устод Айнӣ дар Самарқанд рӯйи кор омадани нашрияи тоҷикиро на танҳо бо хушиву умедворӣ истиқбол намуд, балки ба ҳайси яке аз кормандони фаъол ба хидмати ин рӯзнома камар баст. Гарчи мақолаву шеърҳои вай дар «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Раҳбари дониш» ва «Мулло Мушфиқӣ» чоп мешуданд, амммо ӯ пеш аз ҳама ходими «Овози тоҷик» ба шумор мерафт. Дар ҳамин газета беҳтарин мақолаҳои ӯ чоп шудаанд, дар ҳамин газета «Одина» бори аввал ба табъ расида буд».

Ёдрас мешавем, ки «Одина» дар шумораҳои «Овози тоҷик» аз 23 ноябри соли 1924 то 1 майи соли 1925 ба табъ расидааст.

Устод Айнӣ дар «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам»  навиштааст, ки «баъд аз тақсимоти миллии Осиёи Миёна Бухгосторги (Идораи тиҷорати Бухоро — Қ.Ш.) Самарқанд ба Узбекистон гузашт ва маро боз ба он мудир таъйин карданд. Аммо ман ба Обкоми (Кумитаи вилоятии ҳизб. Қ.Ш.) Самарқанд ариза дода, худро аз ин кор озод кунондам ва тамоман ба хизмати адабӣ дода шудам».

Ба умқи ин навиштаи устод Айнӣ назар кунем, сабаби аз корҳои маъмурӣ канор рафта, «ба хизмати адабӣ дода шудан»-ро чун эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, тасмими дар чунин айёми сарнавиштсози таърих ба хидмати миллат камар бастани адиб бояд фаҳмид. Аз сӯйи дигар, пас аз чанд соли аз фаъолият бозмондани ягона нашрияи тоҷикии «Шуълаи инқилоб», 25 августи соли 1924 дар Самарқанд ҳамчун ношири афкори Кумитаи ҳизбии вилояти Самарқанд, ба чоп пардохтани газетаи «Овози тоҷик», Айнии адибро руҳбаланд сохта, ба фаъолияти пурбори публитсистӣ водор намуд.

Устод Айнӣ бо ифтихору қаноатмандӣ аз ин рӯйдоди таърихӣ — нашри рӯзномаи тоҷикӣ шеъре бо унвони «Овози тоҷик» гуфтаву дар шумораи дувуми нашрия (4 сентябри соли 1924) ба табъ расонд, ки аз ҷумла мисраъҳои зайл дошт:

Ба парда то ба чандин рози тоҷик?
Биё, биншин, шунав овози тоҷик!

Устод Айнӣ бо шеъри даъватӣ ва мақолаи мазкур хонандаи худро гӯё бо рӯзнома ошно сохта, ба мутолиаи он «ҳамаи даркориҳои худ» дар рӯзномаи худ» омода намуда, дар силсилаи мақолаҳои минбаъда «дарди дили худро» баён менамояд.

Вазъи мактаб, зарурати таъсиси мактабҳои навусул, мақоми муаллими мактаб, аз мавзуъҳои муҳими оғози фаъолияти публитсистии устод Айнӣ буд. Акнун ки бунёди мактабҳо, ба макотиби сохти нав ҷалб намудани фарзандони меҳнаткашон як ҷузъи муҳими кори ҳамарӯзаи идораву муассисаҳои ҳокимияти шуроҳо буд, устод Айнӣ дар мақолаи «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик» бо дарки он, ки «тоҷикони Туркистон дар бобати илму маорифи замонӣ аз дигарон ба қафо мондаанд», масъалаи мактаб ва маорифро «як масъалае, ки имрӯз ҳаёту мамоти қавми тоҷик ба он вобаста аст» меҳисобад.

Устод Айнӣ дар ин навишта тавре жанри мақола тақозо дорад, аввал тадбирҳои дар ин самт анҷомдода ва дар нақшадоштаи мақомоти расмӣ, аз ҷумла бо мақсади омода намудани муаллимон барои мактабҳои  тоҷикӣ дар Тошканд кушода шудани як мактаб (Дорулмуаллимони тоҷикӣ дар назар аст. Қ.Ш.) ва ба он ҷалб гардидани дусад нафар хонандаи тоҷикро қайд мекунад. Муаллиф дар баробари зикри «дарвоқеъ, ин кор барои тоҷикон зиёда муҳим ва барои ояндаи эшон зиёда боровар аст», ба масъалагузорӣ мепардозад, яъне, омода шудани муаллимонро чор-панҷ соли дигар мунтазир нашуда, «фурсатро нагузаронида, дар Самарқанд, ки ба кӯҳистони тоҷик наздик аст», курси муаллимтайёркунӣ бояд кушода шавад. «Дар ин курс аз Фалғар, Мастчоҳ ва сойири кӯҳистон ва деҳоти тоҷикон хонандагон бирасанд ва ҷавононе, ки дорои хату саводанд, тахминан 40 ё 50 нафарро ҷамъ карда, 4 ё 5 моҳ тарбият карда шавад, — менависад муаллиф. — Барои ин гуна курс дар Самарқанд қувваи маънавӣ ҳозир аст, зеро ҳар кадом муаллимони самарқандие, ки имрӯз дорулмуаллимин ва курсҳои таълиму тарбияи Самарқандро идора карда истодаанд, забони тоҷикиро хуб медонанд. Якчанд нафар муаллими самарқандӣ, ки имрӯз хеле соҳиби маълумот ва таҷриба шудаанд, метавонанд, ки дар муддати ду-се моҳ аз ҷавонони  тоҷик  муаллим расонанд».

Мақолаи мазкур бо тарзи навишт: содабаёнӣ ва орӣ будан аз калимаву ибораҳои муғлақ, начандон фаҳмои арабӣ ва ё лаҳҷавӣ ва масъалагузорӣ: дурбинии муаллиф, бо минтақаи атрофи шаҳр маҳдуд нашуда, дар фикри деҳоти кӯҳистони тоҷикнишин будан ва ба он минтақаҳо бештар таваҷҷуҳи мақомдоронро ҷалб намудан, аз навиштаҳои 3-4 соли пешини муаллиф фарқи куллӣ дорад, ки худ аз мавқеъгирии миллии устод Айнӣ дар ин давраи фаъолият дарак медиҳад.

Устод Айнӣ дар оғози мақолаи «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» идомаи мантиқии мақолаи гузашта будани онро ёдрас шуда, ҳамзамон аз ғояи мақола огоҳӣ медиҳад: «Барои ба роҳ андохтани мактаб ва маорифи тоҷик ҳозир намудани муаллим чӣ қадар лозим бошад, тайёр кардани китоб ҳам ҳамон қадар зарур аст.

Барои китобҳои мактабии тоҷикон кадом шева риоя карда мешавад? Ин як масъалаест, ки то ҳол расман ҳал нашудааст».

Мулоҳизоти муаллиф дар мавриди мазмуну мундариҷоти китобҳои тоҷикии мавҷуда ва чопшаванда батафсилу фаҳмо аст. Ба ақидаи муаллифи мақола, китобҳои дар давраи истибдод дар Самарқанду Бухоро чопшуда бар замми ба усули таълими мактабҳои имрӯза начандон мувофиқ, аз ҷиҳати забон пурнуқсон будан, ба зиндагонӣ ва тарзи ҳаёти ҳозира низ мувофиқ нестанд, «бинобар ин моро лозим аст, ки китобҳои мактабии тоҷиконро аз алифбо гирифта, то китоби савод, ҳисоб, таърих ва ҷуғрофия, маълумоти мадания ва сиёсия аз сари нав таълиф ва тартиб намоем».

Устод Айнӣ дар мақолаи мазкур масъалаи таҳия ва чопи китобҳои мактабиро на танҳо зарур меҳисобад, балки ҳалли онро таъҷилӣ ва бетаъхир дониста, бо истифода аз минбари баланди рӯзнома ба ҳукуматдорон муроҷиат менамояд: «Бояд аз ҳамин рӯз эътиборан, ба китобҳозиркунӣ шуруъ карда, то моҳҳои декабр ду-се китоб чоп карда шавад, вагарна, дар кӯҳистони тоҷик мактаб кушода намешавад. Дар ин хусус диққати доираҳои ҳукуматӣ ва таваҷҷуҳи касонеро, ки дар масъалаи тоҷик вобастаанд, ҷалб менамоем».

Масъалаи мактаб ва китобҳои тоҷикӣ пас аз шаш моҳ боз мавриди таваҷҷуҳи устод Айнӣ қарор гирифта, муҳтавои мақолаи «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон»-ро (бо имзои «Син-Мим») ташкил медиҳад. Тавре дар оғози мақола гуфта мешавад, як дӯсти устод аз Нашриёти марказии Шарқи Маскав дар номааш аз нақшаи нашриёт барои соли 1925 ҷудо намудани саҳми шуъбаҳои миллӣ барои китобҳои мактабӣ ва дар ҳаҷми 25 варақи чопӣ ҷудо шудан ба тоҷикҳо ва ҳатто барои иҷрои ҳамин ҳаҷми ками кор низ набудани одами коркун навишта, пурсидааст, ки «Оё дар Самарқанд барои тоҷикон чизе тартиб ёфтааст? Ё ки дар дасти таълиф чизе ҳаст? Чизҳои барои тоҷикон тартиб ёфта ё ки тартибёбандаро хаёли дар Маскав табъ кардан ҳаст ё не? Кордорони ҷумҳурияти Тоҷикистон дар ин роҳ дар чӣ фикранд?..

Табиӣ, дар ин пурсишҳо ман аз тарафи худ ҷавоби кофӣ навишта натавонистам. Бинобар он, хостам масъала дар пешгоҳи назари кордорони Тоҷикистон ва ходимони  адабиёт ва маорифи Тоҷикистон афтода, музокира ва гуфтушунид ёбад».

Қобили гуфтан аст, ки бо чунин пешсухан оғоз намудани мақола аз як тараф барои шавқу завқи хонандаро бедор кардан бошад, аз тарафи дигар барои ҷалби таваҷҷуҳи дастандаркорон барои ҳалли мушкилот аст, ки чунин усули эҷодӣ бешак, далели ҳунари нигорандагии муаллиф мебошад. Зимнан, гуфтанист, ки дар ин мақола ба мисли мақолаҳои пешин, устод Айнӣ на чун нависанда, балки огоҳона ба ҳайси як рӯзноманигори публитсист, баромад кардааст.

Устод Айнӣ дар мақолаи мазкур низ ба услуби хоси нигориши хеш сидқ дорад, яъне, то роҳҳалҳои мушкилотро нишон додан, вазъи ҷории масъалаи матраҳшавандаро бо тамкину бодалел, бо забони содаву оммафаҳм ба мухотаб шарҳ додаву тафсир мекунад. Масалан, хонанда аз мақола мефаҳмад, ки 25 варақаи чопии барои китоби мактабии Тоҷикистон ҷудокардаи Маскав агар пурра истифода шавад, «хеле эҳтиёҷи маънавии Тоҷикистонро таъмин мекунад», бар замми ин, дар худи Тоҷикистон ҳам корҳое барои чопи китобҳои мактабӣ ба мисли китоби алифбои «Соли нахустин»-и Сайидризо Ализода, аз русӣ тарҷумаи се ҷузъ китоби «Табииёт» ва ҷузъи китоби «Ҳисоб» аз ҷониби Сайидризо Ализода, ҷараён доштааст. Танҳо баъд аз ин, дар мақола пешниҳодҳо ё роҳҳалли мушкилот бо мушаххас нишон додани тарзу усулҳои ислоҳи камбудиҳо ва андешидани тадбирҳо иброз мегарданд. Ба мисли: «Ҳар китобе, ки барои Тоҷикистон тартиб меёбад, дар Самарқанд ва Бухоро бо иштироки касоне, ки филҷумла бо маишат, урфу одат, истилоҳоту шеваи тоҷикон вуқуф доранд, тартиб ёбад» ва ё «ба зудӣ дар Самарқанд ба таҳти дасти рафиқ Сайидризо (Сайидризо Ализода дар назар аст. Қ.Ш.) як одами чандзабондон, ҳайати таълифу тарҷима барои Тоҷикистон ташкил дода, феълан ба кор шуруъ кардан лозим аст».

Аз рафти мақола аз як тараф ба умқи масъала расидан ва дарк намудани муҳимияти он аз ҷониби муаллиф ба чашм расад, аз тарафи дигар ҳисси баланди дилсӯзии муаллиф ба мардум ва фаъолияти ниҳодҳои навкори шуравии тоҷикон эҳсос мегардад: «Кордорони ҷумҳурияти Тоҷикистонро лозим аст, ки дар ин кор ҷиддитар кӯшиш карда, ба василаҳои китобҳозиркунӣ чанг зананд ва дар маротибаи аввал аз 25 варақаи чопи Маскав истифода намоянд».

Устод Айнӣ ба ҳайси як корманди рӯзнома, як шахси масъулиятбадӯш, бо фаҳмонидани моҳияти масъала, пешниҳоди роҳҳои ҳалли он маҳдуд нашуда, дар фуроварди мақола гӯё бонги изтироб мезанад, ки фурсат кам мондааст, ҳарчӣ зудтар аз пайи кор шавем: «Агар андаке сустӣ ва мусоҳила ба кор равад, Тоҷикистон аз 25 варақаи табъи Маскав маҳрум хоҳад монд. Агар китоби «Табиат» ҳозир шуда бошад, ба зудӣ ба Маскав фиристода, аз дунбол китобҳои савдо, ҷуғрофияи иҷтимоӣ ва сиёсиро тартибу тарҷима кардан лозим аст».

Устод Айнӣ бо назардошти рӯзмаррагӣ ва аҳамияти фавқулода муҳими бо китобҳои тоҷикӣ таъмин намудани мактабҳои навтаъсис, ба мавзуъ бармегардад ва мақолаи калонҳаҷми «Китобҳои тоҷикӣ»- ро дар шумораҳои  30 июн, 5 июл, 14 июл ва 27 июли соли 1926-и рӯзномаи «Овози тоҷик», бо имзои «Сод.Айнӣ» ба табъ мерасонад.

Ин ҷо шояд суоле пайдо шавад, ки чаро дар ин миён, тӯли 1 солу 3 моҳ дар «Овози тоҷик» ягон навиштаи устод Айнӣ ба чоп нарасидааст?

Ҷавоби дақиқи ин суолро аз асари худи устод Айнӣ «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» метавон дарёфт: «Дар баҳори соли 1925 баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурияти автономии Советии Тоҷикистон бо ҳукумати вай договор баста, ба навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» даромадам ва дар ҳамон сол тамом кардам. Ин асар 40 ҷузъи чопӣ буда, дар вай намунаҳои ҳазорсолаи адабиёти тоҷик (аз авалҳои асри 10 то замони худамон) дарҷ шудаанд…

Ман дар соли 1926 дар 15 июн дар Самарқанд, дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон, ки дар он ҷо таъсис шуда буд, ба хизмати адабӣ даромадам. Дар он вақт ходимони адабӣ ҳеҷ набуданд, ман тарҷимаҳо ва таълифҳоро гашта – баргашта таҳрир кардам ва худам ҳам асарҳои мустақил навиштам».

Мақолаи «Китобҳои тоҷикӣ»-и устод Айнӣ бо пешгуфтори мухтасар оғоз мегардад, ки дар он мақсади муаллиф аз таълифи мақола баён гардидааст. Дар ин пешгуфтор гуфта мешавад, ки қавми тоҷик бо вуҷуди адабиёти куҳнаи пурифтихор доштан, дар масъалаи адабиёти нав ва китобҳои мактабӣ назар ба ақвоми ҳамсоя ақибмонда буд. Ба ақидаи муаллиф, баъд аз таъйини марзҳои миллӣ, Тоҷикистони ҷавон бо азми дучанд ба ислоҳи вазъ пардохт ва дар муддати кутоҳ дар нашриётҳои Маскаву Тошканд, Самарқанду Душанбе бо забони тоҷикӣ силсилаи китобҳои мактабӣ, адабӣ ва брошураву барномаҳо ба табъ расонд.

Пас аз рӯшанӣ андохтан ба вазъи масъалаи омодасозӣ, табъу нашри китобҳо дар ҷумҳурии мухтори навроҳ, муаллифи мақола, нияти хешро чунин иброз менамояд: «Ба нияти кушодани роҳи  муноқиша ва танқид ман хостам, ки баъзе китобҳои тоҷикии то ба ҳол аз чоп баромадаро аз назар гузаронида, ба танқиди нуқтаҳое, ки ба дарёфти худам камбудӣ мепиндорам, таҷрибаи қаламӣ намоям, шояд ба иштирок ва ёрмандии сойири ҳамқаламони тоҷик дар оянда дар ин боб роҳи муъайяне ба худ гирифта шавад:».

Дар 3 ҷузъ ё қисми мақола, ки ба муайян намудани ҳусну қубҳи китобҳои дарсии ҳисоб, табииёт ва маҷмуаи ашъори «адабиёти сурх» тахассус ёфтааст, Айнии публитсист аз худ ба ҳайси мунаққид дарак медиҳад. Ҷиҳати фарқкунанда ва ба устод Айнӣ хоси мақолаи мазкур – тақриз ба китоби «Ҳисоб» (Барои макотиби меҳнат), ки «ҳамагӣ 69 саҳифа буда, асли ин китоб ба забони русӣ ва мураттибонаш И. Звягинтсоф, А. Бурнашофский ва К. Василоф буда, ба қалами рафиқ Сайидризо Ализода ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст ва дар соли 1925 аз тарафи Нашриёти давлатии Узбекистон дар Тошканд, панҷ ҳазор дона ба табъ расидааст», ба таҳлилу баррасии таъинот, мавзуву мундариҷа ва муҳтавои маводи фарогирифтаи китоб машғул нашуда, танҳо перомуни як паҳлуи маводи китоби мавриди назар мулоҳиза рондан аст: «Дар бораи мундариҷоти ин китоб ва вазъи масъалаҳояш аз нуқтаи назари усули таълим чизе намегӯям, зеро аввалан дар ин боб худ аҳл нестам, сониян аз он ҷое ки як ҳайати тартибшуда ба китобҳои русӣ қабул ёфтааст, бояд аз ин хусус хуб бошад. Чизе, ки ман мехоҳам ба майдони мубоҳиса гузорам, забон ва таъбирҳои ин китоб аст».

Муаллифи тақриз забони китобро дар умум «содаву  авомфаҳми тоҷикӣ» ва соданависии мутарҷим Сайидризо Ализодаро «шоёни табрик ва таҳсин» ҳисобида, қайд менамояд, ки «бо ин ҳама, дар баъзе ҷоҳо луғатҳои ғайримаъруф, суханҳои бегона (бо он ки дар муқобилаш суханҳои машҳури тоҷикӣ ёфтан мумкин аст) ба кор бурда шудааст».

Ба ақидаи муаллифи тақриз, аз ҷумла, ба ҷойи «гамбусак» «қунғуз», ба ҷойи «қутӣ» «канду», ба ҷойи «зоча» «лухтак»,  ба ҷойи «коза» «чайла», ба ҷойи «амак»  «аму», ба ҷойи «мактабҳои меҳнат» «макотиби меҳнат», ба ҷойи «сурати як себро кашед», «як себро тарсим кунед», ба ҷойи «ҷунбонид» «такон дод», истифода бурдан ғалат мебошад.

Дар тақриз ба китоби «Ҳисоб» ва ҳам ба китоби «Дарсҳои табииёт» (асли китоб асари муаллифи рус Э.Э. Троёновский буда, Сайидризо Ализода ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст) муносибати хайрхоҳонаи муқарриз ба тарҷумон ба мушоҳида мерасад. Устод Айнӣ дар тақризи аввалӣ  «гумон меравад, ки дар ҳамаи ин вайрониҳо таъсири забони аслии китоб ҳаст, вагарна ба дақоиқ ва қоидаи забони форсӣ аз ҳар кас бештар рафиқ Сайидризо воқифтаранд. Фақат бо андак масъала дар таъсири асл мондаанд», хулоса карда бошад, дар тақризи китоби дувум мутарҷимро муваффақ донистааст: «Ин китоб аз ҷиҳати калимоти забон ва фарохии маълумот «шоҳасар» –и забони тоҷикӣ шумурда шавад, сазовор аст. Мутарҷим рафиқ Ализода дар ин тарҷума ба муваффақияти тамом ифодаи маром намудааст. Дар ин китоб мисли китоби «Ҳисоб» (агар як — ду ҷумларо истисно намоем), ҷумлаҳои вайрони мухолифи хоҳиши забони форсӣ ёфт намешавад.

Мақолаи «Адабиёти сурх»- ро низ ба қатори тақризҳои осори публитсистии устод Айнӣ метавон дохил кард. Тақризи мазкур бо навиди ба табъ расидани «китобчаи ашъори адиби сурх Абулқосим Лоҳутӣ» оғоз гардида, аз ҷумлаҳои аввал бо ибораву ишораҳои ғайримуқаррарӣ таваҷҷуҳи хонандаро ба худ мекашад: «Ин китобчаи ашъор бузург нест, 74 саҳифа аст, лекин дар ҳақиқат шеър аст.

Дар ин ҷо ба хотири хонанда хоҳад гузашт, ки модом китобчаи ашъор асту бас, ба ҷумлаи «лекин дар ҳақиқат шеър аст» чӣ эҳтиёҷ аст. Фақат аз хотирҳо фаромӯш нашавад, ки ба тартиб додани суханони маънидор бо вазну қофия шеъри ҳақиқӣ ба вуҷуд намеояд. Шеъри ҳақиқӣ он аст, ки ба хонанда ва шунаванда ҳаяҷони бадеъе бахшад. Ин ба даст намедарояд магар ба шарти он ки гӯянда дар вақти гуфтани он шеъри самимият дошта бошад ва шахсияти худро тамом дар он «гуфта»-аш ҳулул кунонда, гузаронда тавониста бошад. Дар ин сурат ҳолате ки ба гӯянда дар вақти гуфтани он шеър рӯй додааст, ба хонанда ва шунаванда ҳам дар вақти хондан ва шунидан рӯй медиҳад.

Ин сифатро ба камол ва тамом (ба шарти будани завқи адабӣ) дар адабиёти сурхи Лоҳутӣ ҳар кас меёбад».

Муаллифи тақриз мавзуъҳои асосӣ, рӯзмаррагии шеърҳои маҷмуа, вижагиҳои тасвир, ҳунари баланди шеърофаринии «адиби сурх Абулқосим Лоҳутӣ»-ро як-як баршумурда, ошиқони адабиёт, махсусан ҷавононро ба дастрас намуда, мутолиа кардани маҷмуаи «Адабиёти сурх» даъват намуда, дар фуроварди мақола бо эҳсоси хурсандӣ менависад: «Техникаи  ин китобча мувофиқи мундариҷоташ нест, фақат мо бояд инро фаромӯш накунем, ки ин китобча дар Лундун, Порис, Берлин ва Маскав ҳатто дар Тошканд ё Самарқанд табъ нашудааст, балки дар як гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистон (дар шаҳри Душанбе), ки то ҳол номи матбааро надида ва матбуотро нашунида буд, аз тарафи Нашриёти давлатии фақири Тоҷикистон ба табъ расидааст. Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон  бо ин китобчааш ҳақ дорад, ки ифтихор кунад».

Силсиламақолаҳои «Китобҳои тоҷикӣ»-и устод Айнӣ бо хусусиятҳои жанрии ошкор намудани нуқсу камбудиҳои китобҳои нав, таҳлили мундариҷа ва муҳтаво, баёни мулоҳизоти танқидӣ, аз мақола дида, ба тақриз наздиктар ҳастанд ва ба қавли муҳаққиқ Мурод Муродӣ «онҳоро бо назардошти сохту таркиб, аломату хусусият ба жанри тақриз  нисбат додан мумкин аст».

Ҳамзамон гуфтанист, ки силсиламақолаҳои «Китобҳои тоҷикӣ» чаро бошад, аз маҷмуаҳои осори публитсистии устод Айнӣ берун мондаанд.

Силсиламақолаҳои «Тоҷикони кӯҳистон»-и устод Айнӣ бо зерсарлавҳаҳои «Расму одат», «Ҳайвонот», «Касбу ҳунар», «Зиндагонии аҳолии кӯҳистон», «Маорифи кӯҳистон», «Табиат ва аҳсофи кӯҳистон» тавре унвони зерсарлавҳаҳо ишора мекунанд, аз олами ҳайвоноти кӯҳистон, касбу ҳунари мардум, тарзу сатҳи зиндагонии аҳолӣ, вазъи маориф, расму одат ва хӯю хислати тоҷикони кӯҳистони Фалғар, Мастчоҳ, Дарвоз, Вахё нақл мекунад, Мақолаи мазкур дар тафовут аз дигар навиштаҳои устод Айнӣ дар «Овози тоҷик», ягон мавзуи доғи рӯзро дарбар нагирифта, ба очерки сафарӣ ё қайдҳои сафари рӯзноманигоре бештар шабоҳат дорад, вале ба иқрори худи муаллиф «назар ба суҳбат ва чақ-чақҳое, ки бо як-ду нафар фалғарии саройбон карда шуд», рӯйи коғаз омадааст. Бояд гуфт, ки дар ҳамин ҳолат ҳам, навиштаи мазкур бо фарогирии маълумоти дақиқ аз касбу ҳунар, вазъи зиндагонии аҳолӣ, расму одат ва тавсифи тоҷикони кӯҳистон бори як очерки илмии мардумшиносиро мекашад. Хонанда аз сатрҳои зайл: «Расму одати тоҷикони кӯҳистон ба тоҷикони шаҳрӣ ва сойири аҳолии Туркистон, ки ба шаҳр ва қишлоқ истиқомат доранд, наздик аст. Фақат мавриди тӯй ва азои аҳолии кӯҳистон, аз он ҷо, ки фақиранд, нисбат ба дигарон камхарҷтар ва беисрофтар аст», ва ё ба сатрҳои дар зимни тасвири табиат ва хислати тоҷикони манотиқи зикршуда таваҷҷуҳ кунад: «Тоҷикони кӯҳистон мисли сойири кӯҳистониҳо қадре дурушт ва зудхашманд. Дар ватани худ бо андаке сабаб, ё ки бесабаб миёнаи худ ғавғо мебардоранд… Аммо тоҷикони кӯҳистон вақте, ки барои хондан, ё ки муздурӣ ба шаҳр меоянд, миёнаи худ зиёда дӯстона рафтор мекунанд», агар иқрори худи муаллифро нахонда бошад, бегумон фикр мекунад, ки силсиламақолаи мазкур пас аз диду боздиди муаллиф аз манотиқи номбурда иншо шудааст.

Муаллиф дар «Илова»-и поёни силсиламақола батаъкид навиштааст, ки «Ҳар чӣ навиштам, аз забони фалғариёни саройбон шунида,  навиштам. Мумкин аст, ки баъзеи ин маълумот мухолифи воқеъ аст. Мааззолик ба дараҷаи маълумоти ибтидоӣ қабул карда мешавад». Чунин иловаи муаллиф, ки ба хотири эҳтироми хонанда ва узри пешакӣ аз ранҷиши эҳтимолии намояндагони баъзе маҳалҳои минтақаҳои зикршуда нигошта шудааст, ҳамоно аз зиракӣ, эҳтиёткорӣ, масъулияти суханшиносии устод Айнӣ шаҳодат медиҳад.

Ба назар чунин менамояд, ки устод Айнӣ бо навиштани силсиламақолаҳои «Тоҷикони кӯҳистон» мухотабони худро дар арафаи таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба мақолаи навбатӣ — «Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон» омода сохта, ба роҳбарони шӯроии Туркистон дар мавриди ба роҳбарии идораю муассисаҳои навтаъсисшавандаи шӯроии Тоҷикистон шоиста будани тоҷикони кӯҳистон ҳушдор доданӣ аст: «Қобилияти ташкилотии шӯроӣ дар тоҷикони кӯҳистон аз сойири қавмҳои Туркистон бештар аст. Заминаи ташкилотӣ дар усули идораи шӯроӣ синфи коргар ва ранҷбар аст, ки ин синф дар қавми тоҷик феълан мавҷуд аст… Агар дар байни тоҷикони ранҷбар роҳбарҳо монда, раҳнамоӣ карда шавад, ба андак вақт хеле коркунони шӯроӣ баҳам мерасад… Ба ҳар ҳол, дар нахустин маротиба қадре ҷиддӣ кӯшиш кардани бародарони фирқагии ӯзбак ва роҳбарони шӯроии Туркистон лозим аст. Умед аст, ки ба раҳбарии фирқа ҳамаи корҳои тоҷикон мувофиқи матлаб самара диҳад».

Як силсила мақолаҳои устод Айнӣ ба мисли «Инқилоби Ӯктабр ва Шарқ», «Инқилоби Ӯктабр ва иқтисод», «Ленин ва Шарқ», тавре унвони мақолаҳо ишора доранд, хислати ташреҳӣ дошта, моҳияти Инқилоби Ӯктабр, таъсири он ба тағйироту таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву маънавии кишварҳои Шарқи мусалмониро дар такя ба вазъи ҷории мамлакатҳои гирду атроф ба мухотабон мефаҳмонад: «…имсол, ки соли ҳаштуми инқилоб аст, миллатҳоеро, ки дар Туркистон, Бухоро, Хева истиқомат доранд, ҳамаро мустақил мебинем. Чунончи, зуд аст, ки ӯзбакон ба номи Узбекистон, туркманон ба номи Туркманистон ҳукуматҳо барпо кунанд ва тоҷикон ба номи Вилояти мухтори тоҷик ба корҳои худ соҳибихтиёр шаванд»

Ду мақолаи дигари устод Айнӣ «Кори Тоҷикистон гул карданист» ва «Ба муносибати эълони Ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон» баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурияти Мухтори Тоҷикистон иншо гардида, хислати роҳнамоӣ доранд, яъне шарҳу тафсири масъалаву вазифаҳои таъхирнопазиреро фаро гирифтаанд, ки роҳбарияти ҷумҳурии навроҳ ва тоҷикон «ҳуқуқи худашонро, ки дер боз поймол буд ва чанд борҳо ҷон дода, гирифта натавониста буданд, дар сояи шиори муқаддаси фирқаи Иштирокиюн бе миннат ва ройгон ба даст даровардаанд», дар фурсати кӯтоҳтарин, фидокорона бояд адо намоянд. Муаллиф «обод кардани Тоҷикистон, дуруст кардани роҳҳои он, ривоҷ додани деҳқонӣ, тараққӣ додани саноеъ, таъсиси мактабҳо, хонондани бесаводон ва ғайра ва ғайра… » — ро аз вазифаҳои муҳимтарини рӯз меҳисобад.

Мақолаи «Матбуоти тоҷик»-и устод Айнӣ ба ифтихори дусолагии нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» навишта шудааст. Қобили гуфтан аст, ки муаллиф дар мақолаи мазкур зери ибораи «матбуоти тоҷик» на танҳо нашрияҳои чопӣ (рӯзномаю маҷалла)-ро дар назар дорад, балки онро бо мафҳуми васеътараш – китобу китобчаҳо, рисола, низомнома, дастурамалҳо, яъне маҳсулоти чопии дар матбааҳо ба табъ расанда, кор фармудааст: «Мо умедворем, ки то сесола шудани рӯзномаи «Овози тоҷик» аз матбуоти тоҷик китобхонаҳо ба вуҷуд ояд ва то соли чаҳорум ва панҷум қавми пасмондаи тоҷик мондаҳои худро бигирад». Чунин муносибати муаллиф ба матбуоти навқадами тоҷик дар вазифагузории мақола «вазифаи бузурге, ки ба гардани ходимони матбуот ва нашриёти тоҷик аз тарафи меҳнаткашони тоҷик бор шудааст, аз ҷиҳати забон наздик кардани матбуот аст ба оммаи мардуми тоҷик» низ ба мушоҳида мерасад.

Ҳамин тавр, аз мутолиаву баррасии осори публитсистӣ, ба хусус мақолаҳои устод Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик», метавон ба хулосаи зайл расид:

— устод Айнӣ бо эҳсоси масъулияти касбӣ, бо дарки зарурати хидмат ба қавму мулк дар айёми сарнавиштсози таърихӣ, дар сафи як гурӯҳ фарзандони огоҳи Самарқанд дар таъсис ва роҳандозӣ кардани фаъолияти рӯзномаи «Овози тоҷик» саҳми сазовор гузошт;

— мақолаҳои устод Айнӣ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мавзуъҳои доғи рӯзро фаро гирифта, бо низоми муайян: фаҳмонидани моҳияти масъала, шарҳи вазъи ҷории он, зикри роҳҳалли мушкили баррасишуда ва пешниҳодҳои мушаххас иншо гардида, таваҷҷуҳи мухотабонро ҷалб менамуд;

— ба мақолаҳои интишории устод Айнӣ дар «Овози тоҷик» пайванди мантиқии баррасии мушкилот ва пайи ҳам будани ҳалли масъалаҳо, чуноне дар мақолаҳои «Қавми тоҷик ва рӯзнома», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон», «Дар бораи адабиёт ва китобҳои мактабии Тоҷикистон», «Китобҳои тоҷикӣ» мушоҳида намудем, хос ҳастанд;

— бо дарназардошти раванди рӯйдодҳои таърихии айём, тақсимоти ҳудудҳои миллӣ дар Осиёи Миёна, бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи мухотабон, бо таъкиди калимаи «тоҷик» ва «Тоҷикистон» мақолаҳои устод Айнӣ сарлавҳагузорӣ шудаанд;

— дар мақолаҳои устод Айнӣ ба тозагии забон ва ба миён овардани «забони содаи ҳамафаҳми илмии тоҷик» дар вобастагӣ ба дигар масъалаҳои мактабу маориф таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир гардидааст;

— мавзуи мақолаҳои устод Айнӣ дар «Овози тоҷик» нисбат ба осори публитсистии дар ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб» интишордода мушаххастар ва ба дарду ормонҳои мардуми минтақа созгортар шудааст  ва андешаҳои миллӣ ва худшиносӣ як ҷузъи муҳимми ҷаҳонбинии нависандаро фаро гирифтааст;

— устод Айнӣ бо мақолаҳои такондиҳандаи бедории миллат дар амри ба минбари воқеии орзуву ормонҳои миллӣ табдил ёфтани рӯзномаи «Овози тоҷик» саҳмгузор гардидааст.

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,
муаллими калони кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
муҳаққиқи журналистика

Июнь 21, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст