ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ БОСУБОТ ВА ШОИСТА. Андешаҳои профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ

Июнь 24, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдат муҳимтарин арзиши ҷомеаи инсонӣ маҳсуб ёфта, кафолати зиндагии босубот ва шоиста мебошад. Аз таҷрибаи аксар миллатҳо ва вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ бармеояд, ки истиқлоли давлатӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ба ин монанд падидаҳои нодир дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва дар умум ваҳдат таҳким меёбад. Ваҳдат калиди тамоми орзуву омол ва ормони ҳазорсолаи миллату халқиятҳо ба ҳисоб рафта, маҳз дар заминаи ин падидаи нодир метавон ба тамоми мақсадҳо ноил гардид. Ҳам таҷрибаи миллати тоҷик ва ҳам дигар халқҳо бори дигар дар давраи нави таърихӣ исбот намуд, ки бе ваҳдат нигаҳдошти истиқлоли миллӣ ва давлатӣ ғайримкон аст. Бо чунин  матлаб  оғоз гардидааст  мақолаи  Президенти Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ки ба 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст. Матни пурраи мақолаи мазкур дар зер манзур мегардад.

Дар ибтидои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ  бо  таъсири омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ Тоҷикистонро буҳрони шадиди сиёсӣ фаро гирифт, ки он хатари ҷиддие ба истиқлол ва якпорчагии ҷумҳурӣ таҳдид мекард. Истиқлоли давлатӣ ба даст омада буд, вале он интиҳои кор набуд, чунки вазифаи муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон , пеш аз ҳама ҳимоя ва нигаҳдошти он буд. Ягона роҳи ҳифзи ин гавҳари нодир якдилӣ ва муттаҳидии миллат ба ҳисоб мерафт. Вале ин рисолат дар ибтидо иҷро нагардид, миллат пароканда ва давлат фалаҷ гардида буд.

Миллати тоҷик муддати садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ ба сар мебурд ва дар тӯли ин ҳама давраҳо ҷони садҳо фарзандони бо нангу номусашро аз даст додааст. Ҳақиқати таърихӣ ва сабақе, ки дар ибтидои истиқлоли Ватан бардоштем, бори дигар нишон медиҳад, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлол ба маротибаҳо аз ба даст овардани он мураккабтар аст. Вале агар ин муқаддасот дар заминаи ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ устувор намешуду кор ба тарзи дигар  амалӣ мегашт, яъне агар душманони миллат, махсусан онҳое, ки хоҳиши ин давлатро тақсим кардан доштанду аз харитаи сиёсии ҷаҳон номашро ба нестӣ бурдан ва бо ин ҳама мақсадҳо мерасиданд, пас аҳволи миллати тоҷик чи боз ҳам мураққаб мегардид. Магар мо метавонистем бо забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ суханронӣ намоему овози мо бо овози мамлакатҳои дигари ҷаҳон як қурб дошта бошад? Ба посухи ин ҳама саволҳо гуфтан меарзад, ки хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва ба сулҳу ваҳдат расидан  қаҳрамониест, ки аҳамияту арзиши он бо сипарӣ гардидани ҳар чи қадар вақти зиёд боз ҳам бештар мегардад. Суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба монанди ҳамон ниҳолест, ки баробари бузург шуданаш пурсамартар гардида, меваи ширинтар медиҳад.

Нақши инсоҳои бузург ва чеҳраҳои мондагор дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва сарнавиштсози миллат ба таври барҷаста ҳувайдо мегардад.

Маъмулан шахсиятҳои хирадманд ва фавқулодаро вазъи ҳассос ва сарнавиштсози таърихӣ ва масъалаҳое ба монанди боқӣ мондан ва ё намондани давлатҳо дар сатҳи ҷаҳон ба сиёсатмадорони ҳирфаӣ табдил медиҳад. Дар чунин марҳилаҳои мураккаб лидерҳое ба саҳнаи сиёсат ворид мешаванд, ки ба шикасти тамоми омилҳои номатлуб қодиранду метавонанд заминаи рушди босуботи ҷомеаро гузоранд.

Дар ин росто бояд таъкид кард, ки барои миллати тоҷик дар интиҳои асри ХХ, ки Тоҷикистон нахуст қадамҳои хешро дар роҳи истиқлол мегузошт ва дар ин самт ҳоло таҷрибаи кофӣ надошту якбора ба моҷарои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид, шахсияти наҷотбахш ва тавоно лозим буд. Маҳз дар Иҷлосияи XVI – уми Шурои Олӣ бори дигар бахти  миллат омад карду сарвари сиёсие интихоб гардид, ки бо ирода ва матонати худ тавонист рисолати бузургу дар айни ҳол бисёр мураккабро бошарафона иҷро намояд. Ин шахсияти барҷаста муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз аз ҷониби миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» эътироф гардидааст. Замоне муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, ки аз ин рисолати бузургу мураккаб аксарият худдорӣ мекарданд.

Аз тағйирёбии вазъи сиёсӣ истифода карда, абарқудратҳо мехостанд тавассути буҳрони сиёсии Тоҷикистон ба минтақа роҳ ёбанду ҳадафҳои геостратегӣ ва геополитикии хешро амалӣ созанд. Баъзе афроди худхоҳ ва ноогоҳ аз манфиатҳои миллату давлат ба бозичаи дасти онҳо табдил ёфтанду ба муқобили миллату давлати худ амал карданд.

Дар ин раванди тақдирсоз сарвари хирадманду ҷасур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю талоши худро баҳри бартараф намудани омилҳои буҳронӣ равона карданд. Хидмати бузурги ин сиёсатмадори барҷаста дар назди миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар он аст, ки дар шароити ҳассос ва мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парокандагӣ ва барҳамхӯрӣ ҳифз кард. Бо ин бо бовари комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон ва наҷотбахши давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд.

Маҳз шахсияти ин абармарди сиёсат дар радифи фитнаҳои душманони миллат, ки дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ тоҷиконро борҳо ба гирдоби хун кашида буд, қодир ба истодагарӣ кард. Танҳо тасмими қавӣ ва ҷуръати инсонию миллиашон, ки бори вазнини эъмори давлатро ба дӯш гирифта буд, худ нишони қаҳрамонӣ мебошад. Танҳо ҳамин далел басанда аст, ки ҳеҷ кадом аз шахсиятҳои барҷастаи давлативу ҳизбӣ дар он лаҳзаи мураккаб ҷуръат накарданд, ки бори гарони масъулияти роҳбарии мамлакатро ба душ гиранд. Баръакс, аксари ашхоси таҷрибадор аз ишғоли вазифаҳои пешниҳодкардаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худдорӣ карданду мавқеи бетарафӣ ва интизориро ихтиёр карда буданд. Маҳз боварӣ ва ҷасорати Сарвари ҷавону дурандеш умеди мардумро ба навмедӣ накашид. Дониши амиқу вазъи мураккаби мавҷуда дар ҷумҳурӣ сарвари навинтихобро ба хулосае овард, ки аввалан якпорчагии мамлакатро таъмин кардан мебояд ва баъдан дар ин замина роҳи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро пеш гирифтан лозим аст. Сарвари давлат вазифаи муҳимтарини худро дар он медиданд, ки ҳуввияти бар асари ҷангу хунрезӣ ва парокандагии ақидавии мардумро ба ҳолати муътадил бозгардонанду ваҳдату пайванди пойдории тамоми қишрҳои ҷомеаро ба вуҷуд биёранд. Ин замоне буд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз ҳам рехтаву корношоям буданду дар мамлакатҳои ҳамҷавор ва хориҷи дур  сухан аз Тоҷикистон мерафт.

Вазифаи Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳар чи зудтар бартарф намудани оқибатҳои ногувори буҳрони сиёсӣ ва устувор намудани пояҳои давлати соҳибистиқлол пиёдасозии барномаи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва мутамаддин буд.

Муҳимтарин механизми амалӣ гардидани ин барнома қабули Констутсияи ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, ки он стратегияи рушди дурнамои Тоҷикистонро дар тамоми самтҳо бояд муайян мекард. Қонуни асосӣ мавқеи ҳар як гурӯҳ ва қишрҳои ҷомеи шаҳрвандиро муайян карда, мамлакатро аз вартаи буҳронӣ раҳо мебахшид ва ҳамин тавр ҳам шуд. Боварӣ ва эътимоди ҷомеаро нисбат ба сиёсати Ҳукумат маҳз Конститутсия таҳким бахшида, заминаи ба ҳам омадани миллатро гузошт. Махсусан, ҳалли мушкилоти иҷтимоии муҳоҷирони иҷборӣ, ки ба мамлакатҳои ҳамҷавор дар натиҷаи саршавии ҷанги шаҳрвандӣ паноҳ бурда буданд аз сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат вобастагии зиёд дошт.

Таҷрибаи таърихӣ то имрӯз собит кардааст, ки дар ҳеҷ давру замон ҳукумате ва ё сарвари давлате барои баргардонидани муҳоҷирони иҷбории худ талоше накардааст. Вале аввалин кори Сарвари давлати Тоҷикистон аз сулҳ оғоз шуда, яке аз роҳҳои таҳкими сулҳ ва суботро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ медиданд. Аксаран муҳоҷирони тоҷик дар Афғонистон қарор доштанд, ки вазъи сиёсии ин мамлакат ҳам бисёр муташанниҷ буд. Аҳволи ин муҳоҷирон бошад бисёр мураккаб. Миллати тоҷик ба соҳиби аслии худ ниёз дошт, ки онҳоро ба ватани хеш баргардонаду ба зиндагии шосита ва оромона таъмин намояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рисолати бузурги таърихиро дар назди миллати тоҷик бошарафона иҷро карда, дар муддати кӯтоҳ аксари онҳоро ба Ватан баргардониданд.

Тоҷикистон ба як таҳаввулоти бузурге зарурат дошт, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан силоҳдору бесилоҳ, гурезагону дар Ватан будагон, зиёиёну мардуми оддӣ тавонанд бе таҳдид дар эҳёи мамлакат саҳм дошта бошанд.

Сиёсати ҳукумат ва ташаббусҳои хирадмадонаи Сарвари давлат боварӣ ва эътимоди аксариятро зиёд намуд. Тоҷикистон новобаста аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, муноқишаҳои шадиди мусаллаҳона дар сарҳад ва минтақаҳои наздисарҳадӣ, фишори сиёсии қувваҳои оштинопазир ба амалӣ кардани ислоҳотҳои сиёсиву иқтисодӣ идома медод.

Ҳамин тавр, Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба меъёрҳои Конститутсия, ки инъикоскунандаи иродаи халқ ба ҳисоб меравад, дар роҳи танзими вазъи сиёсиву иҷтимоӣ чораҳои саривақтӣ анҷом дод.

Сарвари давлат муваффақ гардиданд, ки дар радифи устувор намудани пояҳои давлатдорӣ, махсусан ташкили мубориза бо ҷинояткорӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқиро идома бахшида, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонанду сулҳу ваҳдати миллиро, ки кафили бақои миллат ва истиқлоли давлатӣ мебошад пойдор намоянд. Акнун миллат ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ сарҷамъ гардида, першонӣ ва мухолифатҳои дохилӣ, ки ҳамчун хатар ба ҳастии миллат ва давлати соҳибистиқлол таҳдид мекард аз байн бурда шуд.

Миллати соҳибтамаддуни тоҷик бори дигар аз таҷрибаи нодири таърихии хеш дар роҳи ба ҳам омадан баҳри наҷоти давлати соҳибихтиёр истифода карда, як марҳилаи бисёр ҳассос ва сарнавиштсозро сипарӣ намуд.

Иродаи дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи асосиро дар роҳи таҳкими сулҳу субот гузошт. Имрӯз қишрҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавононро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот расида, барои якпорчагии Ватан ва осудагии миллат талош намоянд. Дар ин самт қишри зиёии ҷомеа бояд бештар фаъол бошанду муҳиммияти арзишҳои ҳастии миллат ва давлати соҳибистиқлолро ба насли наврас ва ҷавони ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ диҳанд.

Насли наврасро бояд дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, содиқ будан ба ин марзу бум, ниёкони хеш ва бунёдкорию созандагӣ ташвиқ намоянд.

Кафили асосии таҳкими ваҳдати миллӣ қабл аз ҳама тафаккури миллӣ ва асолати миллӣ аст, ки он дар арҷ гузоштани ҷомеа ба арзишҳои миллӣ инъикос мегардад. Он ҷомеа ва он миллате, ки ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёкони хеш арҷ мегузорад дар он ваҳдат пойдор аст. 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАРДУМИ ТОҶИК БА АМАЛҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАД. Андешаҳои директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо дар ин маврид
САМАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУНЁДИ САДҲО МУАССИСАҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ! Маълумот дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода: «Ягона омили муассири ҳаёти осоишта ва рӯзгори равшану босаодат ваҳдат ва сулҳу ҳамдилӣ мебошад»
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Дар натиҷаи ҳамкорӣ танҳо дар панҷ соли охир беш аз 10 лоиҳаи муштарак амалӣ гардид
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Ба зиммаи падару модар кадом уҳдадориҳо гузошта шудааст?
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ПИРӮЗӢ ВА УСТУВОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар ин мавзуъ
ДАР ТОБИСТОН ИСТЕЪМОЛИ КАДОМ МАҲСУЛОТ МУФИД АСТ? Назари мутахассис дар ин мавзуъ
УСТОД АЙНӢ ВА РӮЗНОМАИ «ОВОЗИ ТОҶИК». Аз таъсиси ин рӯзнома 100 сол пур мешавад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ЯГОНАГӢ, ИТТИҲОД ВА ЯКПОРЧАГӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
ПЕШГИРИИ ҲАР ЯК БЕМОРӢ АЗ ТАБОБАТИ ОН ОСОНТАР АСТ. Барои гирифтор нашудан ба бемории мавсимии дарунравӣ чӣ бояд кард?
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ваҳдат дурдонаест, ки онро мисли нангу номус, шарафу виҷдон ва имон бояд ҳифз кунем
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Барои миллати тоҷик дар қатори дигар арзишҳои миллӣ сулҳу сафои пойдор дар мамлакат арзиши бебаҳо, баланд ва муқаддас аст