Аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузории лоиҳаи CASP+ дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт

Июль 19, 2024 17:55

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 39-и Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз,ки 15-18 июл дар шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея доир гардид, лоиҳаи «Дастгирии  кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» (CASP+) тасдиқ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Созишномаи оид ба маблағгузории лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» 18 июл ба имзо расонида шуда, ҳадафаш мусоидат барои гузариш ба самти устувори рушд бо дарназардошти коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба тағйирёбии иқлим устувор мебошад.

Лоиҳа аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузорӣ ва аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ татбиқ мегардад.

Фонди иқлими сабз соли 2010,  тибқи қарори Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) бо мақсади дастгирии кӯшишҳои давлатҳои дар ҳоли рушд барои вокуниш ба таҳдидҳои тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.

   АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 19, 2024 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд