Ба Тоҷикистон низоми муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо «ROMDAS» ворид карда шудааст
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҷумҳурӣ бо дастгирии Бонки осиёгии рушд аз ҷониби ширкати «Data Collection limited» (DCL) — и Зеландияи Нав низоми муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо «ROMDAS» ворид карда шудааст, ки барои ҷамъоварии маълумот дар бораи муайян кардани ҳолати роҳҳои мошингард равона мешавад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 24 июл дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ иттилоъ дод.
Вазири нақлиёт афзуд, ки айни замон аз 5 567,9 километр роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмиллалӣ ва ҷумҳуриявидоштаи истифодаи умум дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарордошта, 3 176,9 километр ё ин ки 57,1 фоиз маълумот вобаста ба дороиҳои роҳҳои мошингард ҷамъоварӣ карда шудааст.
Маълумоти ҷамъовардашуда дар якҷоягӣ бо машваратчиёни байналмиллалии ширкати «Corporate Solutions» ҷиҳати омода намудани харитаи электронӣ мавриди коркард қарор дорад, аз ҷумла барои муайян намудани хатти ҷудокунандаи болопӯши роҳҳои мошингард аз рӯи намуд, хатти ҳаракати роҳ ва муайян намудани синфҳо (клас)-и ҳолати камбудиҳо дар болопӯши роҳ.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ ОБ. Барои Тоҷикистон ин масъала аҳаммияти махсус дорад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Робитаҳои соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Фландрияи Подшоҳии Белгия густариш меёбанд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Фландрияи Шоҳигарии Белгия ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро густариш медиҳанд






