Бар асари фаромадани ярч дар ҷануби Ҳиндустон қариб 100 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари фаромадани ярч дар иёлати Керала, воқеъ дар ҷануби Ҳиндустон ба 95 нафар расида, беш аз 110 нафар маҷруҳ шуданд. Дар ин хусус “Синхуа” бо истинод ба маълумоти афсари пулиси маҳаллӣ хабар додааст.
Се ярчи азим дар минтақаи Меппадии ноҳияи Ваянади иёлати Керала тақрибан соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ, ҳангоми хоби мардум фаромаданд. Захмиён ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол ёфтанд.
Якчанд деҳа, аз ҷумла Мундаккай, Чуралмала, Аттамала ва Нулпужа аз ҳама бештар зарар дидаанд. Гумон меравад, ки одамони зиёде ба дарёи Чалияр афтода бошанд.
Дар онлайн-гузориши маҷаллаи India Today тасдиқ шудааст, ки садҳо нафар дар зери харобаҳо мондаанд ва тамоми ноҳия бар асари офати табиӣ тахриб шудааст. «106 кас ҳалок, 128 кас захмӣ шуд; хавфи он вуҷуд дорад, ки садҳо нафари дигар дар муҳосира мондаанд”,-гуфта мешавад дар гузориш.
Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд. Ба озод намудани одамони дар муҳосира монда ҳайати шахсии артиши Ҳиндустон, инчунин қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва флоти ҳарбӣ-баҳрии Ҳиндустон ҷалб шудаанд.
Тибқи маълумоти неруҳои хушкигард, дар амалиёт 225 нафар, аз ҷумла гурӯҳҳои тиббӣ иштирок доранд. Ду чархболи неруҳои ҳавоии Ҳиндустон, аз ҷумла як чархболи Ми-17 ва як чархболи дигари сабук низ ҷалб шудаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






