Болоравии сатҳи оби дарё боиси шуста шудани 500 метр роҳ дар ҳудуди ноҳияи Лахш гардид

Июль 3, 2024 20:30

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл, соати 16:10 дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди шаҳраки Ҳавзаки ноҳияи Лахш мегузарад, бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу яхи кӯҳҳо сатҳи оби дарёи Сугак боло рафта, дар натиҷа 500 метр қитъаи ин роҳ шуста шуда, дар чор нуқта сими барқ хароб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки офати табиӣ ба 10 хонаи истиқоматӣ пурра, 4 хона қисман, 18 хоҷагии ёрирасон ва 29 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонидааст.

Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади муайян кардани ҳаҷми зарари расида аз сел дар деҳаи Ёзганди Ҷамоати деҳоти Тавилдараи ноҳияи Сангвор ба фаъолият шуруъ намуд.

Ҳамчунин барои муайян намудани ҳаҷми зарар Комиссияи ҷумҳуриявӣ иборат аз намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, Сарраёсати геология ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.

Айни замон роҳи мошингарди Лаби-Ҷар-Маркази Сангвор дар километри 49-ум муваққатан баста шудааст. Корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ идома доранд.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2024 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад