Дар Австрия чойхонаи тоҷикӣ баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 32-солагии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар шаҳри Клагенфурт чойхонаи тоҷикӣ баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки 3 июл дар парки машҳури Минимундуси шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия маросими ифтитоҳи чойхонаи тоҷикӣ доир гардид.
Дар маросими мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иштирок намуда, иброз дошт, ки тадбирҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозии чойхонаи тоҷикӣ дар макони нав бо ибтикору ҳидояти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мусоидати шаҳрдории Клагенфурт дар давоми 2 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Бояд гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Австрия таърихи тӯлонӣ дошта, имсол ҷонибҳо 32-солагии муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳои ҳамдигарро ҷашн мегиранд.
Таъкид шуд, ки дар рушду таҳкими муносибатҳои байни ду ҷумҳурӣ саҳми шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт, ки робитаҳои бародаршаҳрӣ доранд, назаррас арзёбӣ мегардад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд






